CASA-1000 – қадами бузург ҷониби Истиқлоли энергетикӣ

Лоиҳаи CASA-1000 бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд.

Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби нерӯи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.

Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ мегӯяд, бо иҷро шудани лоиҳаи «CASSA-1000» бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бо барқи арзон таъмин гардида, ба ин васила ҳамкориҳои энергетикии кишварҳо густариш меёбад. Ба андешаи ин мақомдори Вазорати энергетика, амалӣ гардидани лоиҳа барои табодули минтақа кӯмак намуда, ҳамзамон ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкилнамоии Бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат менамояд.

“Ташаббуси мазкур  натанҳо барои чор давлат муфид аст, балки барои такмил додани низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд”, – мегӯяд Ҷамшед Шоимзода.

Ба гуфтаи ин мутахассиси соҳаи энергетика, бо амалӣ гардидани ин ҳадаф Тоҷикистон имконияти бештари содироти неруи барқро ба дигар мамлакатҳо пайдо менамояд. Лоиҳаи CASA-1000 марҳилаи нав ва муҳими сохтмонӣ дар низоми амалкунандаи интиқоли неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ башумор меравад. Ба туфайли даромадҳо аз содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозза барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва паст намудани сатҳи норасоии неруи барқ дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, лоиҳаи мазкур дурнамои рушди ҳар ду минтақаро хуб менамояд.

Тавре ки муовини авали вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ мегӯяд, барои амалисозии CASA-1000 амалиёти стратегӣ ва банақшагирии дарозмуддат, иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва давлат, ҳамчунин дастгирии шарикони рушд мавқеи назаррас дорад.

Лоиҳаи «Каса-1000»  ҳамкориҳои байниминтақавӣ, сармоягузориҳо ба хизматрасониҳои ҷамъиятиро тавон бахшида, ҳамчунин барои ҳама зинаҳои аҳолӣ ҷиҳати дастрасии ба манфиатҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, сарвазирони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид.

Мақсад аз таҳия ва амалигардонии лоиҳаи CASA – 1000 ин танзими механизми содироти нерӯи барқи зиёдатии дар фасли тобистон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷудбуда ба Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа барои табодули тақрибан 1000 – 1300 МВт нерӯи барқ дар минтақа имкон медиҳад.

Тавре маълум аст табиат конунхои нонавиштаи худро дораду дар он вобаста ба захираҳои оби давраи серобӣ ва камобии дарёҳо вуҷуд дорад. Ин давраҳо да тарҳрезии лоиҳа ба назар гирифта шудаанд. Вобаста ба лоиҳаи Каса -1000 котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ вуҷуд дошта, гурӯҳҳои кории кишварҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба лоиҳа тибқи нақшаҳо мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ мегӯяд, амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол (70% – аз Тоҷикистон ва 30% – аз Қирғизистон) нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

“Арзиши умумии амалисозии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти охири “Барқи тоҷик”, маблағи сохтмони зербинои ин лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 351 млн. долларро ташкил медиҳад. Воситаҳо барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва ҳукумати Британияи Кабир ҷудо карда мешаванд”, – гуфт ин мақомдори баландпояи ҳукумат.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE