Донишҷӯёни филиали ДМТТ “МИСИС” дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСИС” дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда, дар филиал кадрҳо асосан дар соҳаҳои металлургия, информатика ва иқтисодиёти соҳавӣ тайёр карда мешаванд.
Ҳамзамон донишҷӯёни Филиали ДМТТ “МИСИС” дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла дар озмуни “Илм фурўғи маърифат” аз рӯйи технологияҳои иттилоотӣ, дар озмуни беҳтарин мақола таҳти унвони “Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дастаи донишҷӯёни филиал дар мусобиқаи байналмилалии Cyber Ordo дар шаҳри Бишкек аз рӯйи номинатсияи “Бехатарии киберӣ” иштирок намуда, ҷойи дуюм дар Осиёи Марказиро соҳиб гардид.
Инчунин, 15 кори илмии донишҷӯён нашр шуда, 13 мақола ба маҷмӯаҳои беҳтарин дар доираи озмуни “80 Рӯзҳои илм” дар Москва дохил шуданд.
Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

