Шабе дур аз ватан
“Шабе дур аз ватан” – бешак аз шоҳкорҳои мондагори театри суннатии тоҷик пазироӣ шуда, анқариби ду даҳсолаи авохир муштоқони санъати театриро ба умқи маънавии хеш кашидааст. Достони ин намоиши фалсафӣ баргирифта аз ашъори шоири ватансарову тавонову шаҳири миллат, нобиғаи шеъри муассири порсӣ ва дунёи адабиёти муосири тоҷик устод Бозор Собир интихоб шуда, саҳнавигардони он Абдулмуъмин Шарифӣ буда, коргардон-таҳиягариро дар ин офарида Нозим Меликов анҷом додааст.
“Шабе дур аз ватан” як намоиши ҷолибу рангини тамошоӣ буда, ба умқи эҳсосоти инсонӣ таъсир гузошта, инсони вораставу хирадсолорро ба андеша бедор карда, аз инзивои тафаккури маънӣ дурдона барчида, баҳри эътиқоду эҳтиром гузоштан ба зодбуму сарзамини хеш содиқ буданро меомӯзад. Ин шоҳкори мондагори тамоми давру замонҳо дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаротар аз 15 сол умр дида, бори нахуст баҳори соли 2011 рӯи саҳна омадааст. Дар рн асари таркибан фалсафӣ ва ба ҷузъу кулл хештаншиносӣ ду қаҳрамон қиссапардозӣ ва ҳикоятсароӣ мекунанд: Рӯъё ва муҳоҷир.
Дуи ин қаҳрамонҳоро ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон муҳоҷир – Абдулмуъмин Шарифӣ ва рӯъё – Моҳпайкар Ёрова иҷро кардаанд.
Дар “Шабе дур аз ватан” беҳтарин ва пурғановаттарини шеърҳои ширадори устод Бозор Собир гулчин шуда, дар қолаби як намоишномаи саршор аз фалсафа зиннату оро ёфта, дар низоми як песаи ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
Замимаи асосии тавлиди ғояи намоиши “Шабе дур аз ватан” бар асоси достони рӯзгори аз ватан дур уфтодани шоири тавонои миллат иншо шуда, ин асар дар таркиби маънавии хеш унсурҳои вижаи эҳсоси волои ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ ва асолати миллиро таҷассум мекунад. Тавре маълум аст, Бозор Собир дар авоили солҳои 90-уми асри рафта аз ватан муҳоҷират кард ва ба мулки ғурбат рафту солиёни тавил дар шаҳри Сиетли сарзамини Амрико ба сар бурд. Муҳоҷират, ғаму дарду ҳасрат, сӯзу фироқу дурии ватан, пазмонии ёру диёру зодгоҳ, “қишлоқаки тиллоиву латтамазори модар” ва ҳазорон унсурҳои таркибии фарҳехтагӣ шоирро бар он водор сохтанд, ки тамоми ҳастии хешро ба сафҳаҳои ҷаридаҳои қалам бо алам нигорад. Ва дар “Шабе дур аз ватан” Нозим Меликов ба сифати таҳиягар, Суҳроб Ҷанҷолов минҳайси созандаи оҳангҳо ва навоҳои дилошӯби халқӣ ва ду тан аз бозигарони дастони театру синамои миллӣ – Абдулмуъмин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова бинандаро бо ҳунари волои хеш гирифтору гароянда карданд.
Ёдамон наравад, ки “Шабе дур аз ватан” соли 2011 чун асари таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, ҷаҳонӣ ва миллӣ дар қолаби як ҳасратномаи ғарибӣ эҷод гардида, соли 2014 дар ҳузури муаллифи каломи ин асар ва қаҳрамони марказии он Бозор Собир аз сӯи ҳунарпешаҳои болозикр дар симати бенадиди театрӣ иҷро гардида буд. Ва шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир, ки дар қатори аввал, ҳамнафаси бозигарони асар менишаст, ба ҳунари волои ин достони ростин аз ҷо бархосту оби дидаҳояшро бо дастрӯймолаш тамиз карду ҳиқ-ҳиқ гиристу аз сӯзу гудози дур аз ватан уфтодаҳояш хаёлоти мубҳамашро печида карду ду тан бозигаронро ба оғӯш кашиду талх гирист.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир соли 1938 дар Файзободи Тоҷикистон чашм ба дунё кушуда, соли 2018 дар доди 80 солагӣ дар Амрико даргузашт. Пайкари ӯро бо фармони Пешвои миллат ба ватан оварданду дар мазори маъмули “Лучоб” ба синаи хок супурданд. Ёди устод Бозор Собир шод боду умри “Шабе дур аз ватан” бардавом бод!
Таҳияи Лутфуллои Азиз

