Ҳаракати мамнӯи “Ансоруллоҳ” аз ҳамла ба Арабистони Саудӣ хабар дод

Новобаста аз пешниҳоди тарҳи нави таҳкими буҳрони сиёсию муноқиша дар Яман, ҷангиёни ҳаракати дар кишвари мо мамнӯи “Ансоруллоҳ” ҳудуди Арабистони Саудиро дигарбора мавриди зарбаҳои ҳавоӣ қарор доданд. Пешвоёни ин гуруҳ гуфтанд, ки дар ин нақшаи Ар-Риёз ҳеҷ навовариро намебинад ва аз Арабистони Саудӣ талаб кардаанд ба амалҳои таҷовузкоронаи худ дар ин давлат хотима гузорад. Дар хамин хол Ар – Риёз ба амалкарди охири ҷангиёни Хуси вокунише нишон надодааст.

Ҳаракати “Ансорулло”, ҷунбиши шӯришиёни Хусӣ, воқеъ дар шимоли Яман, эълон доштаанд, ки бо чанд ҳавопаймои бесарнишин ба пойтахти Арабистони Саудӣ, шахри Ар-Риёз ҳамла намудаанд. Намояндаи расмии нерӯҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳаракати “Ансоруллоҳ” – и Яман, генерал Яҳё Сариа ин зарбаҳо ҳаққи қонунӣ ва посух ба таҷовуз ва муҳосираи давомдори Яман аз ҷониби Арабистони Саудӣ гуфта шудааст. “Дирӯз нерӯҳои ҳавоии бесарнишин тавонистанд дар пойтахти Арабистони Саудӣ, Ар-Риёз, бо истифода аз 4 ҳавопаймои бесарнишин, ба мавқеъҳои муҳими стратегии он зарба зананд”, – гуфтааст Сариа.

Рӯзи ҷумъаи хафтаи гузашта ҳусиҳо амалиёти густардаи худ алайҳи Арабистони Саудиро ба муносибати шашумин солгарди ворид шуданаш ба ҷанг дар Яман бо истифода аз 18 ҳавопаймои бесарнишин ва 8 мушаки баллистикӣ эълон доштаанд. Бесарнишинон, ба гуфтаи намояндаи расмии нерӯҳои мусаллаҳи вафодор ба “Ансоруллоҳ”, иншооти ширкати нафтии “Saudi Aramco” ва ҳадафҳои низомӣ, аз ҷумла як пойгоҳи низомии ба номи Шоҳ Абдулазиз дар минтақаи шарқи Арабистони Саудиро ҳадаф қарор додаанд.

Қаблан, Арабистони Саудӣ бо ҷорӣ кардани оташбаси умумӣ таҳти назорати Созмони Милал як пешниҳоди сулҳро назди Яман ба миён гузошт ва изҳор дошта буд, ки дар ин қазия посухи худи хусиҳоро интизор аст. Шӯришчиёни хусӣ, ки Арабистони Саудӣ бо онҳо дар Яман меҷангад, дар посух ба ин ташаббуси сулҳомези Ар – Риёз гуфтанд, ки дар ин тарҳ ягон чизи нав нест. Тибқи мавқеи онҳо, Арабистони Саудӣ бояд, пеш аз ҳама, ба бомбаборон кардани қаламрави Яман ва муҳосираи ҳавоӣ ва баҳрӣ дар шимоли ин кишвар хотима бахшад.

Пештар аз ин, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фархон тавассути телевизиони “Ал-Ахбория” ташаббуси нави Арабистони Саудӣ ҷиҳати ҳалли низоъ дар Яманро эълон дошта, таъкид карда буд, ки “Ар-Риёз” ҷонибдори барқарорсозии сулҳу субот дар минтақа аст.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, Ар – Риёз барои ҳалли сиёсии Яман як созиши ҳамаҷонибаро эълон менамояд, ки ин оташбаси пура дар ин давлатро дар назар дорад. Ҳамзамон, ин нақша қисман боз гардидани Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Санъои Яман ва қисман бардоштани муҳосираи бандари “Худейда” – ро дар назар дорад. Ҳамзамон, Арабистони Саудӣ пешниҳод кардааст, ки даромади истифодаи бандари Худайда ба ҳисоби муштараки ҳукуматҳои шимол ва ҷануби Яман тавассути бонки марказӣ равона карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Яман аз моҳи августи соли 2014 амалиёти ҷангӣ дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷонибдори президент Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи Хусӣ идома дорад. Соли 2015 як эътилофи арабӣ таҳти сарварии Арабистони Саудӣ таъсис ва вориди ҷанг шуда буд.

Дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои худ аз ҷониби ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ хусиҳо пайваста минтақаҳои марзӣ дар ҷанубу ғарби Арабистони Саудиро мушакборон мекунанд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE