ОШЁНИ САВТУ НАВО

Ман Радиоям…

Радиои Тоҷикистон…

Хаёл мекунам, ки ҳазор сол зиндагӣ намудаам, ҳазор рангу оҳангро дар синаи хеш ҷой додаам.

Ман пур аз садоям, пур аз навоям. Бо вақту замон ҳампару ҳамболам.

Рӯзҳо дар овои ман таърих месозанд. Рӯзҳо бо садои ман рангин мешаванд.

Ҳам хабар, ҳам мавзӯъҳои таҳлилию адабӣ ва ҳам суруду мусиқӣ аз синаи ман берун мерезанду шуморо бо худ ҳамсадо мекунанд, огаҳ месозанд, бохабар менамоянд.

Имрӯз дар айни рушду нумӯи замони навин ва пешравиҳои барқосои техникӣ ман ҳам аз инкишофу навовариҳо дар канор намондаам.

Пайваста бо шумо будам, бо шумо пеш рафтам, бо шумо оламу одамро дар ҳар савту наво дидам…

Рӯзҳо таърих месохтанд. Вақте ки аввалин бор садои ман дар фазои дили Тоҷикистон баланд шуд, шодию хурсандии мардумони он вақтро ҳадду канор набуд.

Бовар намекарданд, ба садоям, ба овоям, вале гӯшу ҳуш мешуданд.

Аз садои ман баъзеҳо ба ҳайрат омада, гиребон медоштанд.

– Худоё, ин чи мӯъҷиза.

Ман мӯъҷиза будам.

Баробари одамон нафас мекашидам, зиндагӣ доштам, вақту соат доштам.

О, чӣ қадар одамон барои шунидани ман гирд меомаданд, чӣ қадар хабару воқеаҳоро аз ман шунида аз ҳаводиси зиндагӣ огаҳ мешуданд. Махсусан ба хабар ва суруду мусиқӣ бештар дил дода буданд.

Худ муҳимтарин мавод барои одамон ҳамин хабар, суруду мусиқӣ ба ҳисоб мерафт.

Ман тавонистам бо фарзонафарзандон, бо инсонҳои наҷиб ҳамдам гардам, ба онҳо имкон диҳам, ки суханони дилашонро, фикру зикри манфиатбахшашонро ба ҳамагон расонанд.

Ман минбар будам, ман умеду орзу ва шодию нишоти мардум будам ва ҳастам.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, замоне, ки шоирону нависандагони бузург ба воситаи мавҷи ман ба суханони хеш пару бол бахшиданд. Онҳо қалами бурро доштанд, махсусан Сорбон, Лоиқ Шералӣ, Маъруф Бобоҷонов, Раҷабалӣ Қудратов, Обид Умаров, Иноят Насриддин, Карим Мӯсо, Саидалӣ Маъмур, Собир Султон, Лутфишоҳ Додоев, Мирзо Саттор, Турсунпӯлод Аминҷонов, Шодмон Сафо, Ҳусейн Назрулло, Саидалӣ Сиддиқ ва наметавон ҳамаи онҳоро ном гирифт, бо гуфтору барномаҳои худ дили ҳазорон ҳазорро ба даст оварданд. Садоям ба туфайли онҳо нишонрас гашт.

Ҳеҷ гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад, он лаҳзае, ки ҳунармандони ҷавон бо як ду суруди худ маълуму машҳур гардиданд. Ва хешу ақрабо ва ҳаводоронашон гӯш аз ман намебардоштанд.

Ман тавонистам, ки садои устод Садриддин Айниро дар дили худ маҳфуз дорам.

Садои шоири хушзавқ Абулқосим Лоҳутиро нигоҳ дорам.

Шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ ошиқи савту наво буд, бо дилу ҷон, бо тамоми ҳастӣ сухан мегуфт, шеър мехонд.

Ман овози ӯро ба ҳазору ҳазорон нафар чун армуғон мерасонидам.

Бубинед, ҳанӯз соли 1939 ӯ бахшида ба хонандагон ва навозандагони моҳири Радиои Тоҷикистон чӣ шеъре гуфтааст:

Дидам андар як чаман як ошён,

Ошёни пурсафои булбулон,

Булбулони нуктапардозу накӯ,

Ишқбозони гули хушрангу бӯ.

Ин шеър суруд шуд. Макони ман ошёни булбулон ном гирифт. Ин ҳама ба туфайли хунёгарони андалебоҳанг Акашариф Ҷӯраев, Ҳанифа Мавлонова, Туҳфа Фозилова, Раъно Ғолибова, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигару дигарон.

Ман шодию нишот, зиндагии пурафсона мебахшидам ба мардум. Шоири номдор Мирзо Турсунзода хуршедсифат ба сухан нуру зиё мебахшид. Садои ӯро аз маҳфилу анҷуманҳо пайваста ба шумо сомеони азиз, пешкаш менамудам.

Вале шеърҳои ӯ дар дили ман нақш баста буданд:

Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,

Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.

Аз корномаҳои фарзандони баору номус қиссаю ҳикояҳои дилраси нависандагонро дар садои ровиёни хушово ба ҳамагон мерасонидам.

Зиндагӣ мегӯянд ду тор дорад, ду тори гоҳе ҷӯру гоҳе ноҷӯр.

Ду тори сафеду сиёҳ, чун шабу рӯз. Дар рӯзҳои сахтӣ ва нохуш аз ҳад зиёд дар азоб будам.

Махсусан эълони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дили маро хуншору пурнолаю оҳ карда буд.

Шумо худ медонед, ки хабари нохушро гуфтан чӣ қадар мушкил ва сангин аст.

Оҳ аз ҷигару оташ аз забон берун мезанад.

Дар панҷ соли ҷанг гӯё ҳазор солро дида бошам.

Вале корномаю қаҳрамонии фарзандони ҳушёру далер ба ман рӯҳ мебахшид.

Бо завқ, бо шодӣ ин хабар аз дили ман берун меомад.

Махсусан вақте ки ҷанг тамом шуд, иди зафар тантана кард, ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки бастакори соҳибдил Зиёдулло Шаҳидӣ ва шоир Боқӣ Раҳимзода дар як шаб бо номи «Иди зафар» суруде тайёр намуданду пагоҳ бо туфайли ман садо доданаш. Он вақт ман ҳам баробари шумо одамон ашки шодӣ мерехтам, аз шодмонӣ дар фазои кишвар мавҷ мезадам, садо баланд мекардам.

Баъд замони осоишта оғоз шуд. Дигар барои ҳар хабар, ҳар сухане, ки аз ҳар ҷабҳа ба воситаи ман садо медод, ҳама хурду бузург гирд омада, маро чун пештара гӯш намекарданд.

Акнун бозсозию барқарорсозӣ ба миён омада буд. Вале насли нави соҳибқаламон ба майдон омада, аз худогоҳию худшиносӣ ва таъриху маданияти миллӣ сухан мегуфтанд, баҳсу талош меварзиданд. Ҳофизони дигар омада, зинда дар назди овозгири ман суруд намехонданд.

Дар назди ман – радио, ансамблҳо ба вуҷуд омаданд. Ҳам ансамбли «Шашмақом»-у ҳам Оркестри асбобҳои халқӣ ва ҳам Оркестри эстрадии «Гулшан»-у ансамбли рақсии «Зебо».

Худ ба миён омадани ҳар ансамбл аз диду аз нигоҳи тозаи роҳбарон вобаста буду ҳаст. Ман дар нигоҳ, дар диду фикрҳои тоза рӯҳу тавон меёфтам, ба навгониҳо рӯ ба рӯ мешудам. Акнун онҳоро сабт мекарданд.

Насли нави ромишгарон ба санъати тоҷик як таҳаввулот ворид намуданд.

Номи Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Абдулло Назриев, Нуқра Раҳматова, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Назриев, Майсара Дилдорова, Ҳусейн Насриддинов, Баён Облоқулов, Дӯстмурод Алиев, Олим Бобоев ва ғайраҳо бо суруду таронаҳои хеш хазинаи тиллоиро бою пурганҷ менамуданд.

Сурудҳои ҳофизони андалебоҳанг Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Хурмо Ширинова, Баҳодур Неъматов, Махфират Ҳамроқулова, Кароматулло Қурбонов ва боз чанд нафаре дигар бо савту навои худ садои маро ба дуриҳои дур бурданд. Берун аз марзи Тоҷикистон овои ман ғулғула меафканд.

Шод будам, ҳавас мекардам.

Махсусан аз ровиёну ҳунармандони соҳибмақом, ки бештар шуҳрату обрӯи маро болотар менамуданд, ифтихор доштам.

Аз садои Файзулло Арабов, Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Абдуқодир Маниёзов, Наимаю Назира Қаҳҳороваҳо, аз овози Хайрулло Иброҳимов, Абдурашид Хӯҷамқулов, Зевар Ҷӯраева, Аъзам Ятимов, Лӯъбат Бурҳонова, Хосият Олимова, Санавбар Раҳимзода, Мунира Ҳакимова, Бобохон Сатторов, Ашӯри Ашӯрзод, Сафаргул Олимӣ ва дигар насли ҷавон худро дар олами нуру зиё меёфтам. Чӣ қадар бо садои ин ровиёни заҳматкашу хушовоз хазинаи ман пуровоза мешуд.

Аз шахсоне, ки ба ман меҳр бастанд, бо дилу ҷон заҳмат кашиданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Ҳунармандони асил Фазлиддин Шаҳобов, Худоёр Қурбонбеков, Қудратулло Яҳёев бо завқу салиқаи худ маро овозадор карданд.

Магар метавон хизматҳои коргардонҳое мисли Ҳалима Насибулина, Маърифат Холиқова, Муқаддас Расулова, Исматулло Саидов, Олим Зарабеков ва дигаронро фаромӯш кард?!

Онҳо шабу рӯз ғами маро мехӯрданд, бо ман буданду хазинаро пур карданд.

Вақту замон мегузашт, гоҳо ба ман он қадар аҳамият намедоданд.

Оинаи нилгун чеҳранамоӣ мекард. Дар халқ мегӯянд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан».

Ҳама акнун диданро хуш мекарданд, дӯст медоштанд.

Вале дар рӯзҳои бебарқӣ, танҳоӣ, сахтӣ маро ёд мекарданд, маро гӯш менамуданд.

Махсусан рӯзҳои сахти бесару сомонӣ, ки дар диёри мо аланга зад, боз мардум ба ман умед бастанд.

Барномаи «Хоки Ватан» ба дардашон хӯрд. Ин гуфтор тавонист, халқи парокандаро ба ҳам оварад, аз ҳамдигар огаҳ намояд.

Он вақт ба худо нола мекардам, ки:

«Аз парешонӣ нигаҳ дорад Худо».

Чӣ хуб, ки хунёгарон тавонистанд бо суруду таронаҳояшон ба дарди ҳамагон марҳам гарданд.

Меҳри ёру диёрро, хоки аҷдодиро аз ҳама дори дунё боло донанд.

Онҳоро, дурафтодагонро ҳушдор доданд, ки:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,

Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.

Марги ҳар ҳунарманд, ҳар соҳибдил, ҳар фарзанди фарзона дили маро ғарқоби хун мекард.

Огаҳ сохтан аз ин фоҷиа, аз ин хабари бисёр сангин барои ман ҳам сахт вазнин буд.

Ман дар оҳанги гуфтору суханони пурдард нола мекардам, мегиристам.

Бароям сахт буд, ки баъзе шахсони ҳадношинос маро нишони тир мегирифтанд, мезаданд, мешикастанд.

Вале садоямро куҷо пахш карда метавонистанд.

Ман ба рағми онҳо боз овоз медодам, садо баланд мекардам. Он рӯзноманигорони дилсӯзу ғамхор маро намегузоштанд, ки хомӯш монам.

Касе ки аз дилу ҷон кор кард, заҳмат кашид, дар ёди ман, дар мавҷҳои ман зинда аст, ҳеҷ гоҳ ба кунҷи фаромӯшӣ нарафтааст.

Оре, маро дар сахтӣ, дар душворӣ, дар ҳолатҳои тангию танҳоӣ бештар мешиносанд, меёбанд.

Он вақт ман ба дарди ҳамагон мехӯрдам.

Лек боз бисёр вақтҳое шуда, ки ҳамагон аввало хабари бисёр муҳим ва хушро аз ман шунидаанд, аз ман огаҳӣ ёфтаанд.

Худ 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввало аз забони ман паҳн гардид, ман ҳам аз хурсандӣ баробари устод Лоиқ Шералӣ месароидам:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо дар садои ман таърих месохтанд, ба ҳам меомаданд, дар овои вақт мепечиданд.

Бубинед, чӣ қадар вақту соат тез мегузарад.

Маро хуш аст, ки имрӯзу ҳама рӯз ман дархӯри мардумам, бо гуфтору суханҳои мондагор, бо савту навои дилнишин хотири шуморо шод мекунам.

Дили ман махзани савту навост.

Хонаи ман пур аз ганҷ, пур аз дурру гуҳар.

Ҳар сухан, ҳар гуфтор, ҳар суруду тарона маро водор мекунанд, ки бигӯям:

– «Ошёни меҳр, ошёни нуру зиё, ошёни савту наво дар дили ман ҷой гирифта».

Ман бо мурури вақту замон бисёр шудам, фазои кишвари тоҷикро акнун чандин радиоҳои дигар пур карда, дар домани ман чандин расона ҳо ба миён омада. Онҳо ёру бародарони мананд, манбаи илҳоми онҳо аз ман аст.

Ман тавонистам, ки дар давоми солҳо, қатра – қатра дарё шавам, зиёд гардам.

Худ замон чунин аст, бо ҷавонон, бо ихтироъкорон, бо эҷодкорон таҳаввулоти дигар меёбад, нав мешавад, аз нав рушд мекунад.

Ман ҳам….

Шодам, ки маро дар «Садои Вақт» меёбед, меҷӯед, месароед:

Шодам, ки оҳанги худшиносӣ, худогоҳӣ рӯҳияи маро фаро гирифта.

Дар дили ман овои ҷавонон ҷӯш мезанад, панди пирон лангар меандозад, меҳри ёру диёр боло мегирад.

Ватанро, меҳри модарро дар савту навои ман эҳсос кардан худ бахти баландест. Чӣ қадар гуфторҳои дардхӯру диловези дигар рӯйи кор омаданд. Шодам аз ин.

Ман Радиоям…

Бори меҳр мекашам, Садои Вақтро ба гӯшу ҳуши шумо мерасонам. Савту наворо дар дили зебопарасти шумо ҷой мекунам.

Бо суруду таронаҳои наву ҷонбахш шуморо шод мекунаму бо хабарҳои тоза огоҳ.

Махсусан дар ҳавои оҳангу сурудҳои хунёгарони воломақом Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов, Маҳмадсаид Ҳамадов, Далер Назаров, Лола Азизова, Афзалшо Шодиев, Фурқат Саидов, Хосияти Зарафшонӣ, Сабоҳатбону Наҷмиддинова, Озода Ашурова ва дигарон рӯҳу тавони тоза меёбам, вақту замонро дармеёбам, ба ояндаи неку созанда ва нурбор менигарам…

Ман Радиоям…

Ман Радиоям, бо шумо ҳамнавою ҳамсадоям…

Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE