Зокирзода дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

Дирӯз ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро Раиси Ассамблеяи мазкур, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи  Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, ҳамаи  масъалаҳои дар он зикршударо баррасӣ  ва қабул намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов  хабар дод,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  дар кори нишасти муштараки ҷаласаи Шӯрои мазкур ба таври реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода иштирокчиёни ҷаласаро бо оғози кор табрик намуда, миннатдории самимонаи худро ба хонум Валентина Матвиенко барои кори фаъолона ва пурсамараш ба ҳайси Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкили ин мулоқот баён намуд.

Раиси Парлумони касбии мамлакат ҳамчунин афзуд, ки «имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ассамблея ба ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва муассир табдил ёфтааст, ки дар таъмин ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод саҳми назаррас дорад».

“Дар ҷаҳони муосир, – иброз кард Маҳмадтоир Зокирзода, –  “танҳо якҷоя кардани саъю кӯшишҳо имкон медиҳад, ки ба мушкилоти мавҷуда ва нав ба қадри кофӣ посух диҳем. Ман таваҷҷуҳ ва омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушду таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкории байни кишварҳои узви Иттиҳод тасдиқ мекунам. Ҳамчунин мо Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ҳамчун платформаи муҳим барои мусоидат ба раванди наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии ҷонибҳо мешуморем. Ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаро дастгирӣ менамояд. Боварӣ дорам, ки имрӯз мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мубодилаи пурсамари афкор хоҳем дошт. Итминон дорем, ки натиҷаҳои кори якҷояи мо омили тақвияти динамизми иловагӣ ба фаъолияти Шӯрои мо хоҳанд шуд”, – иброз дошт дар анҷоми суханронӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода  ҳамчунин дар кори конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар заминаи пандемияи COVID-19»,  «Терроризм ва экстремизми хушунатомез» дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия)  иштирок намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE