ОЗМУНИ АДАБИИ “ЭЪҶОЗИ СУХАН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода – раиси ҳакамон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид – муовини раиси ҳакамон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакӣ Боймурод Шарифзода, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзо Солеҳ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинов, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ва шоир Давлат Сафар – аъзои ҳакамон озмуни адабии “Эъҷози сухан” ҷамъбаст гардид.

Нахуст Раиси ҳакамони озмун Эмомалӣ Насриддинзода, ба сухан баромада, қайд намуд, ки озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдому ташаббусҳои фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори нахуст дар таърихи фаъолияти Кумита ташкил ва баргузор карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории он баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва рушди ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита буд.

Сипас, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба ҳамаи иштирокдорону ҳайати ҳакамон аз номи роҳбарияти ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки аз 160 довталаб, ки барои иштирок дар озмун пешниҳод шуда буданд, 64 нафар дар номинатсияи “Китобхонӣ” ва 78 довталаб дар номинатсияи “Шеърдонӣ” ширкат варзида, 18 довталаб, аз ҷумла Одинаева Фарзона (ТВТ), Носиров Исфандиёр (РТ), Қаландарова Шаҳноза (ТВҶ), Талабов Раҳматулло (ТВҶ), Кишваров Меҳровар (ТВВ), Қурбонова Ҷаҳоноро (РТ), Ҳамидов Исфандиёр (ТВҶ), Шарифзода Азиза (РТ), Маҳмаднабиев Яҳё (ТВВ), Қурбонзода Парвиз (ТВҶ), Фаридаи Исомуддин (ТВТ), Умаров Сайданвар (Сафина), Ғафурова Меҳрангез (ТВХ) ва Каримов Комрон (ТВТ) дар озмун бо сабабҳои узрнок ширкат карда натавонистанд.

Мавриди зикри хос аст, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон мувофиқи низомнома маҳорату малакаи довталабон аз рӯйи ду номинатсия: “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ гардид. Дар ҷараёни арзёбии маҳорати довталабон ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дўстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накӯкорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода шуд.

Тибқи низомнома иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва азхуд кардани осори адабиёти тоҷикӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод буда, иштирокчиён тавонистанд дар баёни роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарҳои илмӣ ва дигар осори насрӣ ва қироатишеърҳо: ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣаз дилхоҳ забон истифода намоянд.

Ҳамин тариқ, аъзои ҳакамон пас аз баррасии натиҷаҳо номинатсияи “Китобхонӣ”-ро бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст намуд:

Ҷойи якум:

– Парвина Самандарзода (РТ) (45 хол)

Ҷойҳои дуюм:

– Абдуҷалили Амон (РТ) (42,5 хол)

– Низомов  Асҳобиддин (Синамо) (41,5 хол)

Ҷойҳои сеюм:

– Каримова Наргис (ТВ Суғд) (41 хол)

         – Асроров Тоирхон (ТВТ) (41 хол)

         – Салимзода Маҷид (РТ) (40 хол)

Барои иштироки фаъол дар номинатсияи “Китобхонӣ” кормандони зерин бо сипоснома ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ) сарфароз гардонда шуданд:

  1. Парвизи Маҳмадамин (ТВВ) (39,0 хол)
  2. Каримов Нуралӣ (РТ) (37,0 хол)
  3. Мирсаиди Хайрулло (РТ) (36,5 хол)
  4. Шарифзод Умед (ТВБ) (35,5 хол)
  5. Раҷабалиева Шаҳло (Сафина) (35,5 хол)
  6. Сулаймонов Музафар  (ТВБ) (31,5 хол)
  7. Асоев Сабзаалӣ (РТ) (32, 5 хол)
  8. Шарипова Манзура (РТ) (32,0 хол)

Ба 7 нафар иштирокчии фаъол дар номинатсияи “Китобхонӣ” туҳфаҳои хотиравӣ – китоби “Расонаи зиндагӣ” ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ) тақдим карда шуд:

  1. Ҷавакова Зарина (Сафина) (28,0 хол)
  2. Асрориён Ҷонибек (РТ) (28,0 хол)
  3. Нозимов Сафаралӣ (ТВТ) (28.0 хол)
  4. Шарифзода Пӯлод (ТВТ) (26,0 хол)
  5. Истамов Баҳодур (ТВТ) (26,0 хол)
  6. Сафарова Баргигул (Сафина) (26,0 хол)
  7. Раҷабов Муҳаммадҷон (ТВТ) (24,5 хол).

Бояд гуфт, ки мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон озмуни “Эъҷози сухан” номинатсияи “Шеърдонӣ” бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст карда шуд:

Ҷойи якум:       

–   Холов Умедалӣ (РТ) (58,50 хол)

Ҷойҳои дуюм: 

– Сатторзода Гулчеҳра (ТВТ) (58, 16 хол)

– Ализода Абдурашид  (РТ)  (58,16 хол)

Ҷойҳои сеюм:

–   Боймуродов Бузургмеҳр (РТ) (58,00   хол)

         –   Бобоҷонов Абдуаҳад(ТВТ) (58,00   хол)

         –   Тағоев Куҳзод  (ТВТ) (57,83   хол)

Ҳамзамон, Барои иштироки фаъол дар озмуни “Эъҷози сухан” дар номинатсияи “Шеърдонӣ” кормандони зерин бо сипоснома ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ) сарфароз гардонда шуданд:

  1. Хӯҷаёров Убайдулло (РТ)  (57,50 хол)
  2. Ширинбекова Зебуниссо (ТВТ) (57,33 хол)
  3. Ашӯрова Махфират (ТВБ) (57,00 хол)
  4. Сафаров Маҳмадалӣ (ТВТ) (56,16 хол)
  5. Ҳасанзода Далер (Синамо) (56,16 хол)
  6. Осими Оқил (ТВ Суғд) (56,00 хол)
  7. Исматова Дилбар(РТ) (56,00 хол)

Инчунин, ба 17 нафар иштирокчии фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ – китоби “Расонаи зиндагӣ” ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ) тақдим карда шуд:

  1. Тӯраева Шаҳло (Сафина) (55,66 хол)
  2. Ақдодова Мадина (ТВ Бадахшон) (54,83 хол)
  3. Раҳмонзода Зулфия (ТВТ) (54,60 хол)
  4. Нуров Зиёвуддин (РТ) (54,33 хол)
  5. Шукурова Дилафрӯз (РТ) (53,66 хол)
  6. Сатторов Лолахон (ИИКК)(53,16 хол)
  7. Раҳимов Зикриё (ТВТ) (53,00 хол)
  8. Каримов Ҷамшед (ТВҶ) (52,66 хол)
  9. Абдураҳмонова Ширинмоҳ (ТВ Кӯлоб) (52,66 хол)
  10. Раҳматуллоев Муҳаммадшариф (ТВҶ) (52,16 хол)
  11. Фарзонаи Раҳмон (Сафина)(52,00 хол)
  12. Назирова Робиямо (РТ) (52,00 хол)
  13. Собирзода Фаррух (ТВТ) (52,00 хол)
  14. Авлонов Файзимад (ТВ Хатлон) (51,83 хол)
  15. Иқболшоев Некушо (ТВҶ) (51,50 хол)
  16. Фарҳоди Шарифхон (ТВТ) (50,50 хол)
  17. Раҷабова Шаҳло (ТВТ) (50,33 хол)

Бояд гуфт, ки озмуни адабии “Эъҷози сухан”, ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи иҷрои иқдоми созанда ва наҷиби Пешвоим миллат муҳтарам сурат гирифт, алоқамандони китоб ва арҷгузорони онро аз томоми зерсохторҳои Кумита гирди ҳам овард. Хеле фараҳангез аст, ки ҳар як иштирокчии Озмуни “Эъҷози сухан” бо дониши андӯхта аз китобҳои мутолиа карда, бо ашъори азбаркардаву суханварию шеърдонии худ фазои идонаи озмуни мазкурро рангину дилписанд намуданд.

Озмуни мазкур барои тарғиби бештари китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодию суханварӣ ва маҳорати касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносии кормандони тамоми зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тақвият бахшида, дар самти фаъолияти эҷодӣ ва баланд гардидани мазмуну муҳтавои барномаҳои онҳо кӯмак хоҳад расонд.

Озмун бо мукофотҳои пулӣ ба маблағи умумии 78 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номинатсия 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номинатсия 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номинатсия 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) тақдим кард.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Суратгир: Абдурозиқ МАРДОНӢ,

“Ҷаҳони паём”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE