Иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

1 июл ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар нишаст муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.

Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд. Иштирокдорон атрофи мавзӯоти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ,  Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таъмини талошҳои муштарак дар самтҳои мавриди эҳтимом табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо перомуни пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE