ДДТТ: Бароҳмонии усули тадқиқотии муосири биоимпедансиметрия дар ҷумҳурӣ барои аввалин бор

Бори аввал дар ҷумҳурӣ усули тадқиқотии муосири биоимпедансиметрия бо истифода аз таҷҳизоти МЕДАСС ба роҳ монда шуд. Он бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва ташхисию табобатӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ шуд. Усули биоимпедансиметрия дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ роҳандозӣ шуда, то имрӯз беш аз 400 нафар аз ташхис гузаштанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, усули биоимпедансиметрия барои ташхиси амиқи фарбеҳӣ ва аломатҳои метаболитикӣ, баҳодиҳии таркиби сафедаи ғизо, фаъолияти ҷисмонии шахс, вайроншавии мубодилаи обу намакҳо, мубодилаи асосии бадан, ҳаҷми умумии моеъи организм, массаи минералии бофтаҳои устухонӣ, фоизи вазни чарбуи бадан ва индекси вазни бадан равона шудааст.

Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки баҳри таъмини таҳсилоти босифат дар соҳаи фарматсия ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат  соли равон 12 номгӯй дастгоҳҳои фармасевтӣ харидорӣ шуданд, ки ба истеҳсоли маводи доруворӣ дар заминаи факултети фарматсия равона шудаанд. Он ҳамчунин омили асосии омода намудани мутахассисони ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ ба ҳисоб меравад.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE