Аз 17 то 20 август машқҳои тактикии муштараки Тоҷикистон ва Чин баргузор мегарданд

Аз 17 то 20 август машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар ин бора 16 август зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин таҳти роҳбарии Лю Юнфэн изҳор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, машқҳои тактикӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор сурат мегиранд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкории манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE