Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ман мехоҳам беҳтарин таманниёти хешро ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишваратон расонам.
Дар ин даврони мушкил бори дигар аз аҳамияти саҳми ҳар як кишвар ба беҳбуди ҷаҳон ёдрас мегардем.
Чун мо ҷиҳати паси сар намудани ҳамагирии коронавирус якҷоя кор намуда истодаем, мо бояд бо истифода аз барқароршавӣ ҷомеаҳои пойдору устувортар бунёд намоем. Моро ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти изтирории иқлим далерона амал намуда, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор талошҳои худро қавӣ гардонем.
Дар ин Рӯзи Истиқлолият ман ба кӯмаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими Созмони Милал ва бунёди олами беҳтару сулҳпарвар барои ҳамагон умед мебандам.
Лутфан Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Ба муносибати Иди муҳими давлатӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикоти маро бипазиред.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зимни татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ва мустақил ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.
Умедворам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо, роҳи рушди устуворро ба мақсади таъмини ҳаёти осоишта ва накуи мардум ва давлат идома хоҳад дод.
Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар дар оянда низ ба нафъи шукуфоии Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комил ва комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш ва беҳрӯзӣ таманно менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Президент,
Мехоҳам Шумо ва мардуми Шуморо бо ин рӯзи вежа – 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.
Ин фурсати фараҳбахшро чун соли гузашта оқибатҳои пандемияи КОВИД-19, ки ба ягон кишвари дунё бетаъсир намонданд, тира сохтаанд.
Боварӣ дорам, ки мо метавонем пандемияро бо амали муштарак ва ибрози ҳамдилӣ пушти сар намоем. Германия дар ин ҷода тамоми саъю талошҳои худро ба харҷ дода истодааст. Бо дар назар гирифтани вазъи кунунии Афғонистон қайд карданиам, ки Германия ҳамчун шарики муътамад ҷонибдори Тоҷикистон мебошад.
Зиёда аз ин, изҳори умед менамоям, ки соли оянда зимни ҷашну чорбиниҳои бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дуҷонибаамон, мо метавонем таваҷҷуҳоти мусбатамонро муайян намуда, ба оянда муштаракан назар афканем.
Ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон беҳтарин хушиҳои зиндагӣ, инчунин сулҳу шукуфоиро хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:
«Ҷаноби Президент, Дӯсти азизам,
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия аз самими қалб табрик менамоям.
Итминони комил дорам, ки бо кӯшишу талошҳои якҷоя муносибатҳоямонро, ки такони тоза ёфтани онҳо боиси хушнудист, ба зинаҳои боз ҳам баландтар мебардорем.
Бо истифода аз фурсат таманниёти беҳтарини хешро баҳри тансиҳативу хушбахтии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми дӯсти Тоҷикистон баён менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи худ Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи истиқлолиятатон табрику муборакбод менамоям.
Ҳиндустон ва Тоҷикистон робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ доранд. Бовар дорам, ки дар якҷоягӣ мо муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории худро дар форумҳои гуногуни минтақавӣ ва бисёрҷониба амиқ ва тақвият хоҳем дод.
Ман саҳми шахсии шуморо дар густариши робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯсти мо хеле баланд қадр мекунам. Таҳти роҳбарии тавонои шумо Тоҷикистон дар баробари мушкилиҳои замони муосир ба роҳи рушду шукуфоӣ пеш рафт.
Ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар талошҳоятон дар роҳи беҳбудӣ ва шукуфоии миллати тоҷик ва мардуми он комёбиҳо орзумандам.
Ҷаноби мӯҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».
Дар паёми шодбошии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Сарфарозам ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол намоям.
Ман аз муносибатҳои дустонаи дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Австрия хушҳолам, аз ҷумла аз ҳамкории сатҳи олӣ дар соҳаи энергетика, ки аз муҳимтарин самт дар таъмини энергияи устувор баҳри ояндаи ҳардуи кишварҳоямон мебошад.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш тамманиёти беҳтарини худро барои тансиҳатии Шумо ва пешрафту шукуфоии мардуми Тоҷикистон иброз менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Ҷэ Ин дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати 30-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ҷаноби Президент ва мардуми Тоҷикистонро самимона табрик менамоям.
Бо таҷлили ҷашни 30-умин солдгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар соли оянда, ман умедворам, ки муносибатҳои дӯстонаи баёни ду кишвар боз ҳам рӯшд карда, дустии халқҳоямон устувортар мегардад.
Ба Шумо ҷаноби Президент саломатӣ, хушбахтӣ ва рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно дорам».
Шоҳи Малайзия Ал-Султон Абдуллоҳ Риоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ Ал-Мустаъин Биллоҳ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълохазрат Малика (Раҷа Пермайсури Агонг) ба мо ҳамроҳ шуда ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму чушони хешро бо шодбошиҳои беҳтарин изҳор медорем.
Малайзия ва Тоҷикистон аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносибатҳои наздики дуҷониба ба роҳ мондаанд. Бигзор робитаҳои деринаи байни ду кишвар ва халқҳо дар солҳои минбаъда инкишоф ёбанд.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва пешрату шукуфоиро самимона таманно мекунам».
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Ба шарофати ҷаҳду талош ва роҳбарии хирадмандонаи Шумо Тоҷикистон сиёсати хориҷии фаъолро татбиқ намуда, нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид ва дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии давлат ба натиҷаҳои бузург ноил гашт.
Хеле хурсандибахш ва рамзист, ки раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 20-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад, ба ин рӯзҳо рост меояд.
Хизматҳои Шумо ба сифати яке аз асосгузорони СҲШ дар боло бурдани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои Созмон нақши калон доранд.
Иҷлосҳои зери роҳбарии Шумо доиргардида, татбиқи ташаббусҳои аз ҷониби Шумо пешниҳодшуда, инчунини санадҳои асосие, ки Шумо ба имзо расонидаед, дар роҳи ташаккулёбии СҲШ тақдирсоз буданд.
Бовар дорам, ки раёсати ҷории Тоҷикистон дар Созмон зимни ҷараёни Иҷлоси ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 16-17 сентябри соли 2021-ум дар Душанбе баргузор мегардад, сазовори баҳои баланд хоҳад шуд. Санадҳои нақшавие, ки қабул мешаванд, инчунин қарорҳои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд ва самаранокии Созмон мусоидат хоҳанд кард.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба Шумо муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар мансаби баланди давлатиатон муваффақият, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, минбаъд ҳам осмони соф ва шукуфоӣ хоҳонам».
Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд — Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Наталия Герман — Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ворид гардиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 30-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.