Ормони миллию орзуи наслҳо

Иди фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иди шарафу номуси миллати фарҳангсолори мо ва рамзи саодати миллату пойдорию бақои давлати мост. Истиқлолият – бузургтарину арзишмандтарин падидаи иҷтимоию маънавӣ,ки баҳори 30-юминаш ба диёри биҳиштгунаи мо қадам гузошт,ҳидоят ба бедорӣ,истиқлоли манишу пиндори созанда аст, даъватест ба бунёди ояндаи дурахшон барои пасояндагон. Сутуни заррини ин атои худовандӣ,ин самараи азму талошу муборизаҳои ҳазорсолаи ниёгони тоҷдору номварамон аз муҳаббату садоқати мо ба ҳамдигар, ба Ватан-Модар, аз маърифату ҳунару ғайрату ҳиммати мо ба хотири пешрафти куллӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагонӣ устувортар мегардад.

Ҳарчанд бархе аз андешаварон истиқлолиятро ҳадяи тасодуфии таърих медонанд, аммо таърих гувоҳ аст,ки он ормони милливу орзуи наслҳо ба қарнҳо буд ва ниёгони тоҷдорамон чун дигар  халқони куҳанбунёд бо ҷасорату матонат ҳамеша баҳри озодӣ талош варзидаанд. Ва руҳи поки ҳазорон муборизони халқ ба нишоту сурури имрӯзаи мо ҳамроҳ гашта дуруд мефиристад. Ва мо ба арвоҳи поки онҳо саҷда мекунем, арҷ мегузорем,номашонро бо самимияту ифтихор ба забон меоварем. Ва нахуст арҷ мегузорем ба Коваи оҳангар, ки бар алайҳи Заҳҳоки бедодгар ливои исён барафрошт. Эрони бостони аҳди Пешдодӣ беш аз 100 сол зери истилои қавми пешгузаштагони араб буд ва дар таърихи Ориёно Кова нахустин инсонест,ки парчами эътирозу озодихоҳии мардумро бар алайҳи аҷнабиён барафрошт. Нахустин муборизи роҳи истиқлол дар Тӯрони ориёи малика Томирис буд,ки бар зидди лашкари 200-ҳазорнафараи Куруши кабир муқовимати шаддид анҷом дода, онҳоро бо найранги  ҷангие ба дараи танге кашида нобуд кард ва номашро чун бонуи мардсифату  муборизу диловаре дар сафҳаи таърих мондагор намуд.

Ниёгони мо руҳи бешикасти озодихоҳ доштанд. Аз таърих бароямон муқовимат бар зидди лашкари юнониён маълум аст. Ҳазорон ватанпарастон бо сарварии Спитамен зидди Искандари Мақдунӣ размиданд. Баъди Искандар духтари Вахшуварт-Рухшона бо писари хурдсолаш Искандари 4 ашрофони бохтариро ба ҳам оварда,империяи Римро идора кард. Дертар дар олами эллинӣ ба арсаи сиёсат духтари диловари Спитамен –Алама омад,ки ҳамсари қайсари нави мақдуниҳо-Селевк буд. Набераи Спитамен-Антиохи 1 сарварии Осиёи Миёнаро ба дӯш дошт ва худро вориси Ориёншаҳр медонист. Тоҷикон якуним қарн забону фарҳанги худро миёни римиҳою юнониён ҳифз карда тавонистанд. Онҳо ба руҳи бешикасти озодипарастии мо тоб наоварда, ҳатто бисёр дастовардҳои тамаддуни ориёиро пазируфтанд. Масалан, муаррихон мегӯянд, ки Искандар дар дарбор ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми форсро ҷорӣ карда буд…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» барҳақ навиштаанд, ки «фарзандони фидоиву баномуси мо дар ҳама давронҳо, ба вежа ҳангоми истилои муғулон, дар ҷое бо силоҳ, дар ҷое бо зиракию ҳусни тадбир, дар ҷое бо фаросату хиради воло, дар ҷое бо панду ҳидоят ва дар ҷое бо муросою мадоро барои истиқлолият ҷонбозиҳо кардаанд ва ин омилҳо бо ифтихори миллӣ,эҳсоси муқаддаси меҳандорӣ пайванде ногусастанӣ доранд. Ҳатто талоши сисолаи ҳакими бузург Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» намунаи олии истиқлолхоҳиву ватандӯстист, ки бо нигориши таърихи пурифтихори силсилаи шоҳони Пешдодӣ, Каёнӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ шукуҳу шаҳомати фарҳанги ҷаҳонтасхири бостон ва оини давлатдории моро афзуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва истилогаронро бо тамаддуни куҳанбунёдамон ошно намуда, миллати моро аз парокандагӣ раҳонид»…

Имсол мардуми сарафрози мо 30-юмин солгарди истиқлолу соҳибихтиёрии кишвари азизашро таҷлил мекунад. Хидмати бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки ҳамин истиқлолияти бадастомадаро бо роҳи  муттаҳид намудани мардум,нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат пойдор намуданд ва барои таҳкими бемайлони ин неъмати бузург шароити мусоиде фароҳам оварда тавонистанд. Хидматҳои таърихиву беназири ин фарзонафарзанди миллат буд, ки Тоҷикистонро қариб тамоми давлатҳои мутамаддини олам ҳамчун кишвари мустақили рӯ ба рушди демокративу ҳуқуқбунёд шинохтанду эътироф карданд ва имрӯз мо ифтихор мекунем,ки давлатамон бо бисёр мамолики пешрафтаи олам равобити судманди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ дорад, ки ин ба боз ҳам ободтар гаштани Ватани маҳбубамон, рӯзафзун шоистатар гаштани сатҳи зиндагиамон мусоидат мекунад.

Маҳз талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буданд,ки тайи ин 30 соли истиқлолият иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим – мактабу таълимгоҳҳо ва корхонаҳои нав бунёд гардида,симои пойтахти азизу зебоямон Душанбе рӯз ба рӯз зеботар мешавад. Имрӯз биноҳои баландошёнаашро мебинему диламон лабрези ифтихор мегардад. Дурдасттарин гӯшаҳои диёри нозанинамон маҳз дар даврони истиқлолият бо дастуру ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтанд, боз ҳам нозанинтар гаштанд.

Пешвои бузурги миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд,ки ҳама ҳамватанони бонангу номус муваззафанд бо тадбиру фаъолияти мушаххаси бунёдкорона истиқлолияти давлатамонро таҳким бахшанд. Мо – журналистони радиову телевизион вазифадорем, ки шунавандагону тамошобинонро тавассути барномаҳоямон дар руҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем, дар ниҳоди онҳо нисбати душманони миллат,ки боз мехоҳанд бо дассисаю иғвои хоҷагону сарпарастони хориҷиашон диёри ободу осудаи моро ноором созанд, нафратро бедор намоем ва ҳамеша зиракии сиёсии насли ҷавонро тақвият бахшем.

Мо бояд ҳар лаҳза шукрона аз Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ кунем,ки дар таҳкими онхо Пешвои муаззами миллатамон хидмати бузурги таърихӣ анҷом доданд. Мо бояд шукрона кунем, ки Худованд ба мо чунин Пешвои маҳбубу хирадманду дурандешеро ато кардааст, ки ба таклифҳои оқилонааш дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ гӯш медиханд,пешниҳодоти аҳамияти умумибашарӣ доштаашонро тамоми мамлакатҳо мепазиранд. Пешвои ваҳдатофару бунёдгари  мо ифтихори мост!

Бигзор руҳи бешикасти ниёгони муборизу озодипарасти мо мададгори ҳар як ватандор бошад дар ҷодаи истиқлолияти навини тоҷикон, ки муваззафем онро бо амалу меҳнати созанда ба хотири пешрафту шукуфоии бештари Ватан дар ҳама самтҳои зиндагӣ бештар аз пештар таҳким бахшем! Бигзор ормонҳои волои истиқлолият ва аҳдофи наҷиби бунёдгарӣ раҳнамои хурду бузурги кишвари биҳиштгунаи мо бошанд!

Ҷашни бузурги Истиқлол муборак, эй ҳамватан!

Хуршед БАРИЕВ,

Мирсаид САТТОРИЁН,

кормандони радиои “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE