“Толибон”* қабри Аҳмадшоҳи Масъудро қисман вайрон карданд

Дар вақти задухӯрдҳо миёни ҷангиёни ҳаракати «Толибон»* ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қабри Аҳмадшоҳи Масъуд зарар дид (ДАР АКС). Дар ин бора наворҳое, ки дар интернет пайдо шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд.

Толибон қабри қаҳрамони миллии Афғонистонро, ки бар зидди террористон меҷангид, қисман хароб кардаанд. Онҳо як тахтасанги мармарии мақбараро дар оромгоҳи начандон калони падари раҳбари кунунии Ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъуд пурра шикастаанд.

Наворҳое, ки дар Интернет пайдо шудаанд, шаҳодати ин ҳоланд. Дидан мумкин аст, ки на ҳама чиз дар атроф осеб дидааст, ба истиснои тахтасанге, ки эҳтимол бо чизи вазнине зарб хӯрдааст. Ҷонибдорони муқовимат аллакай толибонро танқид карданд ва гуфтанд, ки толибон гузаштаро фаромӯш накардаанд.

Қаблан “Толибон”* дар минтақаҳо низ «поксозӣ» анҷом дода, портретҳои ҳамаи қаҳрамонони миллӣ ва ҳатто як сурати девории шоири сӯфӣ Алишер Навоиро гирифта партофтанд. Ҳамин тавр, 25 сол пеш, вақте толибон Мазори Шарифро ишғол карданд, бо булдозер қабри яке аз генералҳои маъруфро вайрон карда,  боқимондаҳои ҷасадро ба дарёи Ому партофта буданд.

Бист сол пеш, 26 феврали соли 2001 роҳбари толибон Мулло Умар фармон дод, ки ду ҳайкали азими Буддо дар Афғонистон нобуд карда шавад. Ин аввалин амали намоишӣ барои нест кардани ёдгориҳо дар ҳазорсолаи нав гардида буд. Пас аз он толибон ёдгориҳои беҳамтоеро, ки тамоми ҷаҳони мутамаддин барои наҷоти онҳо бенатиҷа даъват карда буданд, комилан нест карданд.

Ба ҳамаи ин нигариста, шеъри машҳури шоири тотор Мусо Ҷалил “Ваҳшоният” ба хотир меояд. Ҳуҷҷати шоиронаи ҷиноятҳои фашистон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ. Шеър моҳи октябри соли 1943 навишта шудааст. Муаллифи он дар он лаҳза 37 -сола буд ва камтар аз як соли дигари умраш боқӣ монда буд. Дар ҷанг ӯ хабарнигор буд …

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE