Қосим-Жомарт Токаев Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Қосим-Жомарт Тоқаев ҷараёни мусбати ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистонро, ки устувории олиро дар баробари мушкилоти мавҷуда нишон медиҳад, зикр намуд. Ба ин муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи сарони давлатҳо ва инчунин фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳо мусоидат мекунад.

Қосим-Жомарт Тоқаев созишномаҳои пас аз сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба имзорасидаро самти асосии таҳкими ҳамаҷонибаи равобити дуҷониба арзёбӣ намуд.

Президент зикр кард, ки ҳукуматҳои ду кишвар барои амалӣ намудани дастурҳои сарони давлатҳо фаъолона кор мебаранд ва аллакай натиҷаҳои амалӣ ба даст омадаанд.

Қосим-Жомарт Токаев ба Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили босифати нишастҳои ахири СААД ва СҲШ дар Душанбе таманниёти нек ва изҳори сипос намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE