“Нома ба Панҷшер” муаррифӣ шуд

Санаи 15 – уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи адибону олимон ва рӯзноманигорон маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” рӯнамоӣ шуд.

Маҷмӯаи мазкур паёми ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба неҳзати бедорӣ ва сулҳхоҳии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ва пайравӣ аз мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар умури сулҳи Афғонистон аст. аст. Он бо ду хат – кирилии тоҷикӣ ва арабиасоси тоҷикӣ ба нашр расид.

Дар маҷмӯа ашъори шоирони саршиноси тоҷик ва мақолаҳои донишмандону журналистон дар самти масоили мухталифи Афғонистон ва маҳкум кардани таҷовузи “Толибон”* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гирдоварӣ шудааст. Дар ин нигоштаҳо аҳли зиёи Тоҷикистон ғасби Афғонистонро аз ҷониби гуруҳи террористии “Толибон”* маҳкум карда, хостори истиқрори сулҳу осоиш дар Афғонистон шудаанд.

Маҷмӯаи мазкур дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаи нашр шуда, паёми мардуми Тоҷикистон ба Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон аст.

Ба зикри мураттиби он шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Иброҳимҷон Дӯстализода “Нома ба Панҷшер” будани ин нома бесабаб нест, зеро Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ягона минтақае аст, ки дар баробари “Толибон”* суқут накард ва нурест дар ҷабини гирифтаи Афғонистони ҷангзада.

Ба таъкиди мураттиб, китоб ҳам дар шакли асл ва ҳам бо гузинаи электронӣ тариқи торномаҳои интернетӣ дастраси тоҷикон ва кулли ҷаҳониён мегардад. Ҳамзамон, нусхаҳои он ба биноҳои маъмурии созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе фиристода мешавад, то паёми зиёини тоҷик ба гӯши ҷаҳониён бирасад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE