Боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Муғулистон
Дар Булғористон як гурӯҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд,-иттилоъ медиҳад хабаргузории “Регнюм”.
Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирони ғайриқонунӣ мехостанд тавассути Руминия ва Маҷористон ба Австрия бираванд. Тавре шабакаи телевизионии “BTV” хабар додааст, боздошти муҳоҷирон дар шоҳроҳи байналмилалии Тракия сурат гирифтааст. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистон будаанд, ки марзи Туркияву Булғористонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дошта, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба боздоштгоҳи паноҳандагон дар Стара Загора бурда мешаванд.