Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Юн Сок Ёл

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Юн Сок Ёл барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем.

Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея омодагии ин ҷонибро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз менамоям.

Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE