Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндия баррасӣ шуданд

24 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Пекка Ҳаависто дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни суҳбат вазирон роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, маориф, муҳоҷирати корӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист иброз намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE