Нахустин маркази ҷарроҳии дил дар Афғонистон дари худро барои кӯдакон боз кард
Дар шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кӯдакон ифтитоҳ гардид. Дар ин бора хабаргузории Форс Тудей иттилоъ додааст. Манбаъ дар такя ба маълумоти доктор Аҳмад Ҷаводи Усмонӣ – сарпарасти вазорати тандурустии Афғонистон навишатааст, ки ба кор оғоз кардани ин марказ қадами усутворе ҷиҳати пешрафти ин кишвар ва тавсеъаи хадамоти пизишкӣ дар бахши кӯдакон барои амали ҷарроҳии дил аст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 120 ҳазор кӯдак дар Афғонистон ба бемории дил гирифтор ҳастанд, ки аз ин шумор ҳар моҳ ҳудуди 100 нафар дар дохилу хориҷ аз ин кишвар таҳти амали ҷарроҳӣ қарор мегиранд.
Бахтиёр Зоириён
Садои Душанбе