Дар Пекин вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардид

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд- Як роҳ», ки 17 октябр дар Пекин оғоз ёфт, дар вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин сухан гуфт. Дар ин хусус аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хуршед Каримзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳаи гумрук ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар намуда, гуфт, ки ҷоннок намудани ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки минтақа барои зиёд намудани гардиши тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридшавии ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт бо роҳи мубодилаи электронии маълумот ва дигар самтҳои афзалиятнок ба манфиати кор хоҳад буд.

Роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамгироии муштарак дар масъалаҳои ҳамгироии низоми «Равзанаи ягона» дар тиҷорати хориҷӣ, бартараф намудани мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, тақвияти татбиқи низоми «Идораи таваккал» ва пешбурди механизми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» иброз намуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки чунин мулоқотҳоро мунтазам баргузор намуда, харитаи роҳро дар доираи гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои мубрами соҳа таҳия ва тасдиқ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE