Ла Лига: «Реал Соседад» аз «Реали Мадрид» пеш гузашт
Дар Испания пас аз даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонӣ оид ба футбол дастаҳои зинаи аввал мавқеи худро иваз карданд. «Реал Мадрид» ин навбат аз тими «Валенсия» шикаст хурд. Дастаи «Барселона» бошад бар рақибаш тими «Бетис» пируз омад. Аммо садрнишини ҷадвал пас аз ин давр дастаи «Реал Соседад» гардид.
Бозии охирини даври 9-уми Ла Лига миёни дастаҳои “Валенсия” ва “Реал Мадрид” сурат гирифт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Месталя” баргузор шуда, бо натиҷаи калони 4:1 ба суди мизбонон хатм шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 23-юм Карим Бензема кушод. Аммо баъд аз ин гол силсислаи иштибоҳҳои бозигарони мадридӣ онҳоро дучори душвориҳои зиёд карда, билохира ба шикаст рӯ ба рӯ кард. Дар давоми рақобат ба дарвозаи дастаи шоҳӣ 3 пеналтӣ таин карда шуд. Дар нимаи аввал тӯб ба дасти Васкес расид. Дар қисми дуввум бошад Марсело дар дохили ҷаримагоҳ бозигари рақибро аз по афтонид. Як пеналтии дигар ба хотири расидани туб ба дасти Рамос дар дохили ҷаримагоҳ гузошта шуд. Ҳамаи онҳоро бозингари мизбонон Карлос Солер бо гол анҷом дод. Як пеналтиро ӯ дар нимаи аввал ва дутои дигарро дар қисми дуввуми майдондорӣ ба самар расонид. Дар таърихи Ла Лига ин бори аввал буд, ки ба дарвозаи “Реал” 3 пеналтӣ таин карда шуд. Ғайр аз 3 пеналтӣ як голи дигарро дар ин бозӣ ҳимоятгари дастаи шоҳӣ Рафаэл Варан иштибоҳан ба дарвозаи дастаи худ ворид намуд. Ӯ бори дуввум дар мавсими ҷорӣ ба дарвозаи ҳамдастаҳояш гол мезанад. Бояд гуфт Эден Азар ва Каземиро ду футболбози асосии ҳайати дастаи «Реал» мубталои каронавирус шуда, дар ин дидор ба майдон баромада натавонистанд. «Реал Мадрид» пас аз ин мағлубият бо касби 16 имтиёз ба зинаи чорум фаромад.
Дастаи «Барселона» дар ин даври рақобатҳои Ла Лига тими «Бетис»-ро дар майдонаш пазироӣ намуда, бо натиҷаи бузург мағлуб кард. Дидори мазкур дар варзишгоҳи «Камп-Ноу» доир гардида, бо натиҷаи 5:2 бар нафъи тими каталонӣ анҷом ёфт. Дар рақобати мазкур бори нахустин дар як соли охир ҳамлагари асосӣ ва капитани «Барселона» Леонил Месси ба ҳайати асосӣ шомил карда нашуд. Пас аз ҷароҳат бардоштани Ансу Фати дар нимаи дуюми бозӣ ўро бо Месси иваз кард. Ҳамлагари аргентинӣ пас аз ба майдон баромаданаш ба номи худ дублро сабт намуд. Голҳои дигари дастаи каталониро Усмон Дембеле, Антуан Гризман ва Педри ба нишон расониданд. Голҳои дастаи «Бетис»-ро бошад Санабрия ва Морон ба номи худ сабт карданд.
Дастаи «Реал Соседад» дар даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания бо тими Гранада вориди майдон шуда, пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин дидор пирузии дастаи «Реал Соседад»-ро Монреал ва Ойарсабал бо задани ду гол таъмин намуданд. Пас аз ин ғалаба дастаи сан-себастиянӣ шумораи имтиёзҳояшро ба 20 адад баробар карда, мавқеи аввали ҷадвалро соҳиб шуд.
Дастаи «Вилярреал» дар сафар бо тими «Хетафе» дидор анҷом дода, онро бо натиҷаи 1:3 мағлуб намуд. Ин даста ҳамакнун дар ҳисобаш 20 имтиёз дошта, дар мақоми дуюми ҷадвал қарор дорад.
Дар ин даври рақобатҳои мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дастаи «Атлетико»-и Мадрид тими «Кадис»-ро бо ворид кардани чор голи беҷавоб пушти сар гузошт. Жоау Феликс бо иҷрои дубл, Лоренте ва Суарес муалифи голҳои дастаи мадридӣ шуданд. Дастаи «Атлетико» пас аз ин даври дидорҳо ба сегонаи аввал шомил гардид.
Дастаҳои «Левантев»-у «Алавес», «Элчев»-у «Селта» ва «Уеска»-ву «Эйбар» дар ин даври Ла Лига дидорашонро бо натиҷаи якхелаи 1:1 мусовӣ ҷамбаст намуданд. Дастаҳои «Валядолид» бар «Атлетик Б» ва «Севиля» бар «Осасуна» пируз омаданд.
Раҳмонзода Миҷгона
Садои Душанбе