ХАБАРИ РӮЗ: Ваксинаи зидди COVID-19 аз ҳамаи марҳилаҳои санҷиш гузашт

Дар ҳоле ки шумораи гирифторони коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз 10 миллион нафар бештар шудааст, ширкати азими дорусозии ИМА «Pfizer» ва шарики олмонии он «BioNTech SE» дирўз эълон кардаанд, ки ваксинаи таҷрибавии COVID-19 дар озмоишҳои аввалия бо самарабахшии беш аз 90-дарсадӣ расидааст. Аз ин пешрафт Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден истиқбол кардааст. Мавриди зикр аст, ки як Байден қаблан иброз дошт, ки корро бо мубориза бар зидди COVID-19 шурӯъ мекунад. Дар пайи ин гуфтаҳо ӯ гурӯҳи кории 13-нафараи зидди коронавирусро таъсис дода, муаррифӣ намуд. Ҳамзамон Байден аз ҳамаи амрикоиҳо даъват ба амал овард, ки барои коҳиш қоидаҳои санитариро риоя кунанд. Ба гуфтаи мудири иҷроияи ширкати фарматсевтии «Пфизер Алберт Бурла», кашфи ваксина як марҳилаи муҳим дар мубориза бо пандемияи ҷаҳонист, ки беш аз 1 миллион нафар дар паи ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин эъломияро “рӯҳбаландкунанда” номидааст. Дар ҳоле ки дар ҷаҳон шумораи умумии гирифторон ба 51 миллион нафар баробар мешавад, дар Америка  дирўз шумораи гирифторони Ковид-19 аз 10 миллион нафар бештар гардид.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE