Маросими ба истифодадиҳии дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор”

15 ноябри соли 2020 дар шаҳри Конибодом бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” доир гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дидбонгоҳи сарҳадии «Санҷидзор» аз бинои асосӣ, анборҳо, ҷойи нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, буғхона, ҳаммом, ошхона, майдончаи сафороӣ, майдончаи варзишӣ, манора ва хонаи афсарон иборат буда, дар он барои сарбозон ва афсарон шароити зарурии маишӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ соли 2017 оғоз гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мубин» ва ҶДММ «Аъзам-Ю» сохта шудааст.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бинои асосии дидбонгоҳ ва ҳуҷраҳои кории он ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят барои хизмату буду боши афсарону сарбозон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки марзбонони вилоят ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ тамоми қувва, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар намуда, бо истифода аз шароити фароҳамгардида содиқонаву сарбаландона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE