Омодагии мунтахаби 16-солаи кишвар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳарамонии Осиё

Дар рафти омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳарамонии Осиё дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Душанбе оғоз намуд. Ҷамъомади омӯзишиву машқии даста то 26-уми ноябр идома меёбад ва сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев барои иштирок дар он 26 бозигарро даъват кардаст, ки аз онҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофиз, 10 кас ниммуҳофиз ва 5 кас ҳамлагар мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон, ки ба соли дигар гузаронида шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи “В” муқобили ҳамсолони худ аз кишварҳои Умон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Санаи дақиқи баргузории мусобиқа то ҳол муайян нашуда аст.

Ҳайати мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳрбхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизон: Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсудинов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»),

Ҳамлагарон: Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз«Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

varzishtv.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE