МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР «CAFA FUTSAL CUP-2023» БАР ТИМИ ҚИРҒИЗИСТОН ҒАЛАБА КАРД

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки дар Душанбе ҷараён дорад, дувумин пирӯзиашро ба даст овард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар даври сеюм шогирдони Пайрав Воҳидов, ки дар рафти бозӣ бо ҳисоби 0:1, 1:2 ва 2:3 шикаст мехӯрданд, тавонистанд ташаббусро ба даст гирифта, дар ниҳоят бо ҳисоби 5:3 пирӯз шаванд.

🇹🇯 Тоҷикистон – 🇰🇬 Қирғизистон – 5:3

⚽️ Голҳо: Алмазбек Самат улу, 5 (0:1). Некруз Алимахмадов, 9 (1:1). Бектур Ильясов, 10 (1:2). Мухаммаджон Шарипов, 12 (2:2). Мухамед Аскарбеков, 17 (2:3). Дилшод Саломов, 18 (3:3). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Файзали Сардоров, 39 (5:3).

🏟 26 июля. Душанбе. 2500 тамошобин.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE