Муҳаммад Салоҳ ба майдони футбол бармегардад

Ҳамлагари дастаи “Ливерпул” – Муҳаммад Салоҳ ба зудӣ метавонад ба ҳайати дастааш ҳамроҳ шавад. Футболбози мисрӣ аз ду ташхиси дигар барои коронавирус гузашт, ки ҷавоби манфӣ додаанд. Дар ин бора сармураббии даста Юрген Клопп хабар дод. Қаблан хабар дода шуд, ки Салоҳ дар бозиҳои навбатии дастааш ширкат карда наметавонад, зеро ӯ бояд протоколи тиббии таъсисдодаи Премйер Лигаро вайрон накунад ва тибқи он бояд ҳар як бозигар пеш аз бозгашт ба тамрин накамтар аз 10 рӯз дар хона ба бознишинӣ фаро гирифта шавад. Салоҳ дар мавсими ҷорӣ дар Премйер Лига ҳашт бозӣ гузаронида, ҳашт гол задааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE