Хабари рӯз: Баррасии Қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”

Қабули қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, ки зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии мамлакат барасӣ гардид, алоқамандии бозори меҳнат ва таҳсилоти касбиро пурзӯр месозад. Ба таъкиди вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, мутобиқи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла корфармоён ва вазорату идораҳои соҳавӣ ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудааст. Корфармоёну вазоратҳои соҳавӣ бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, стандартҳои ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки  ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Ширин Амонзода изҳор дошт, ки бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ,  имконоти ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар низ зиёд мешавад.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE