Натиҷаи рақобатҳои даври 10-уми Премйер Лигаи Англия

Шоми гузашта дидорҳои ниҳоии даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол баргузор шуданд. Дар рақобати ниҳоӣ тими Лестер аз дастаи Фулхэм шикаст хурд. Дар ин давр тими Ливерпул низ натавонист имтиёзҳои заруриро ба даст орад. Манчестер Юнайтед ва Манчестер Сити бошанд ин навбат рақибони худро мағлуб карданд. Шарҳи бештари дидорҳои даври 10-уми пример лига дар пешниҳоди Мижгонаи Насриддин:

Дар дидори охири даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол шоми гузашта, “Лестер Сити” дар майдони худ “Фулхэм”-ро пешвоз гирифт. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Кинг Пауэр” баргузор гардида, бо ҳисоби 1:2 ба нафъи меҳмонон ҷамбаст гардид. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 30-юми рақобат аз ҷониби ҳамлагари нигериягии “Фулхэм” – Адемола Лукман боз карда шуд. Ҳашт дақиқа пас аз ин гол меҳмонон ҳуқуқи иҷроиши ҷаримаи ёздаҳ метраро пайдо карданд, ки ин ҳолатро ҳамлагар Иван Кавалейру самаранок истифода бурда, ҳисоби бозиро 0:2 кард. Бо ҳамин натиҷа нимаи аввали бозӣ ба итмом расид. Дар қисмати дуюм аниқтараш, дар дақиқаи 86-ум футболбозони Лестер тавассути голи задаи Харви Барнс ба як голи меҳмонон ҷавоб гардониданд. Дар идома ҳарчанд дастаҳо кӯшиши тағйир додани ҳисоборо карданд, аммо дигар натиҷа иваз нашуд. Бо ҳамин дастаи “Лестер” дар майдони худ аз “Фулхэм” бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд. Меҳмонон баъди ин ғалаба 7 имтиёз касб карда, ба зинаи 17-уми ҷадвали мусобиқа баромаданд. “Лестер” бошад бо доштани 18 хол дар мавқеи чаҳорум ҷой гирифтааст.

Дар доираи даври даҳуми пример лига дар варзишгоҳи “Сент-Мэрис” дастаҳои “Саутгемптон” ва “Манчестер Юнайтед” вориди майдон шуданд. Бозии дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо натиҷаи 2:3 ба фоидаи тими Юнайтед ҷамбаст гардид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 29-уми дидор муҳофизатгари дастаи “Саутгемптон” – Ян Беднарнк боз намуд. Дар дақиқаи 33-юм футболбози дигари дастаи мизбон – Ҷеймс Уорд-Проуз ба дарвозаи Де Хеаро голи дуюмро ворид намуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба охир расид. Дар қисми дуюми рақобат шогирдони Сулшер бозиро ба даст гирифта, дар ҷаримагоҳи мизбонон ҳолатҳои хавфнокро ба вуҷуд меоваранд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 59-ум Эдинсон Кавани тӯбро ба Бруно Фернандеш партофт дод ва футболбози португалӣ бо як маҳорати баланд тӯбро вориди дарвозаи “Саутгемптон” намуд. Пасон, дар дақиқаи 74-ум Эдинсон Кавани гол ба самар расонида, таносубро барқарор кард. Дар нафасҳои охири бозӣ Кавани аз партофти Решфорд самаранок истифода бурда, голи ғалабаовари “МЮ”-ро ба ҳадаф расонд ва ҳамчунин, дублро ба номаш сабт кард. Бо ҳамин шогирдони Сулшер бо ҳисоби 2:3 бар рақиби худ ғалаба ба даст оварда, шумораи имтиёзҳои худро ба 16 расониданд ва дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи 7-ум баромаданд. Дастаи “Саутгемптон” бошад, 17 имтиёз дошта, дар мавқеи 5-ум ҷой гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки “МЮ” як бозии худро доир накардааст ва ин рақобат ба вақти номаълум мавқуф гузошта шудааст. Ҳамлагари уругвайии дастаи «Манчестер Юнайтед» – Эдинсон Кавани бо дубли анҷомдодааш голҳои 252-юм ва 253-юми ӯ дар доираи топ-5 чемпионатҳои аврупоӣ ба шумор мераванд, ки ин футболбозро ба қатори сегонаи беҳтарин футболбозон шомил мегардонад.

Дар рақобатҳои даври 10-уми Премйер-лигаи Англия «Челси» бо «Тоттенхэм» дидор анҷом дод. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи Стэмфорд Бридж доир шуда, бидуни гол хотима ёфт. Тамоми кушишҳои футболбозони ҳар ду даста барои ворид намудани гол дар ин рақобат бенатиҷа ҷамбаст шуданд. Бо ба даст овардани як имтиёзи дигар тими Тотенхем шумораи имтиёзҳояшро ба 21 адад баробар карда, садри ҷадвалро ишғол намуд. Челси бошад бо 19 хол дар мақоми сеюм мавқеъ касб кардааст.

Ливерпул ки дар даври гузашта садрнишин гардида буд, ин навбат аз тими Брайтон танҳо як имтиёз ситонда ба зинаи дуюм фаромад.  Дидори дастаҳо дар майдони хонагии дастаи “Брайтон” – “Фалмер” доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамбаст гардид. Гарчанде, ки дастаҳо дар нимаи аввали бозӣ ҷониби дарвозаи якдигар ҳолатҳои хавфнокро ба вуҷуд меоваранд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо натавонистанд, то ҳисобро боз кунанд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 60-уми нимаи дуюм аз ҷониби ҳамлагари дастаи меҳмон – Диего Жота боз карда шуд. Жота аз партофти Салоҳ истифода бурда, дастаашро ба пеш баровард. Голи ҷавобиро мизбонон дар дақиқаи сеюми изофа намудаи довар ба вақти асосии бозӣ ба ҳадаф расониданд. Шогирдони Клоп қойидаи бозиро дар дохили ҷаримагоҳашон вайрон намуданд ва довар ҷониби дарвозаи онҳо пеналтӣ таъйин намуд. Пеналтиро ниммуҳофизатгари “, Брайтон” – Паскал Грос ба гол анҷом дод ва таносуби бозиро баробар кард. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Ливерпул, ки ҳанузам бо имтиёзҳои баробар бо дастаи Тотенхем қарор дорад, танҳо бо таносуби голҳо аз ин даста дар мақоми дуюми ҷадвал мавқеъ касб кардааст. “Брайтон” бошад, дар зинаи 16-ум мавқеъ гирифт.

Дастаи Манчестер Сити дар доираи даври навбатии мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол тими Бернлиро пазироӣ намуда, баракси дастаҳои дигар рақибашро бо натиҷаи бузург ба шикаст ру ба ру кард. Дар рақобати мазкур, ки дар варзишгоҳи Иттиҳод баргузор гашт, Рияд Марез бо иҷрои хетрик, Менди ва Ферран Торрес голҳоро ба нишон расонида, пирузии ҳамдастаҳояшонро таъмин намуданд.  Манчестер сити пас аз даҳ даври мусобиқаи пример лига дар ҳисобаш 15 имтиёз дошта, дар зинаи 11-уми ҷадвал қарор дорад. Бернли бо 5 имтиёз дар сегонаи охири ҷадвал мавқеъ касб кардааст.

Дар доираи ин даври рақобатҳои Примел Лигаи Англия ҳамчунин дастаҳои Вест Хэм бар Астон Вилла, Нюкасл бар Кристал Пелас, Лидс бар Эвертон, Вест Бромвич бар Шеффилд ва Вулверхемптон бар Арсенал пируз омаданд.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE