Баррасии вазъи КОВИД-19 дар Душанбе

Шумораи афроде, ки дар шаҳри Душанбе қоидаҳои беҳдоштии зиддивирусиро риоя намекунанд, бамаротиб  афзудааст. Аз ин лиҳоз, қотеона талаб карда мешавад, ки ҳар як сокини шаҳри Душанбе бояд чораҳои беҳдоштиро қатъӣ риоя намоянд. Ин нуктаро Мавсума Муинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе зимни мулоқот бо намояндагони  соҳаи маориф ва тандурустии шаҳр иброз намуд.

Зимни вохурӣ, ки дар муассисаи таълимии №102-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар сохторҳои  ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат намуда, вобаста ба вазъи имрӯзаи пандемияи COVID- 19 андешаронӣ намуданд. Бино ба гуфтаи Мавсума Муинӣ муовини шаҳрдорӣ, дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби сокинон бепарвои нисбат ба хатарӣ Каронавирус зоҳир мегардад, ки ин омил метавонад ба авҷи дубораи ин бемори дар пойтахт оварда расонад.

Муовини вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода дар ин мулоқот аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки то ба ҳол назорати ҷиддӣ ба роҳ монда нашудааст. То оне, ки як нафар ба ин беморӣ гирифтор аст, бояд тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда шавад, таъкид дошт мавсуф.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода низ аз бемасъулиятии  бархе аз роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар интиқод намуд, ки барои таъмини амнияти муҳассилин бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Масъулине, ки аз ин ба баъд дар кори хеш бепарвоӣ ва нисбати ҳаёти муҳассилини муассисаҳои таълимии кишвар саҳлангорӣ менамоянд, нисбати онҳо чораҳои ҷиддӣ тадбиқ мегардад, гуфт вазир.

Дар чанд моҳи охир аз ҷониби ҳукумати мамлакат барои пешгири аз хатари COVID- 19 корҳои мушаххас анҷом дода шуд. Аз ҷумла Ситоди ҷумҳурияви оид ба пешгирии каронавирус таъсис ёфт, ки дар чанд моҳи фаъолияташ қарорҳои мушаххас ва муҳимро қабул ва мавриди иҷро равона сохт.

Аминзода Бахтовар

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE