ТАҲҚИҚИ ЯК ҲОДИСАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШВЕЙТСАРИЯ
Мақомоти полиси Швейтсария занеро, ки ба мизоҷони як маркази савдо дар шаҳри Лугано ҳамла намуда буд, дар алоқамандӣ ба гуруҳи террористии ДОИШ гумонбар медонанд.
Ба маълумоти полиси ин кишвар, зани 28 – сола шаҳрванди Швейтсария буда, дар Маркази савдои «Манор», воқеъ дар шаҳри Лугано, ба ду зан бо корд ҳамла кардааст. Тибқи гузоришҳои ВАО – и маҳаллӣ, шахсияти ин зан қаблан ба полис маълум буда, дар макони ҳодиса боздошт гардидааст. Нашрияи “La Regione” аз қавли яке аз шоҳидони воқеа чунин навиштааст: «Ман садои фарёдро шунида, тарафи он ҳаракат кардам ва занеро дидам, ки болои шифт оғӯштаи хун мехобид». Тибқи маълумоти пешакӣ, зани ҳамлагарро яке аз осебдидагон баробари захмӣ шудан аз гулӯяш маҳкам доштааст, вале дар ҳамин ҳолат ҳамлагар зарбаи дигар ба шиками ӯ задааст. Полис маълум кард, ки нафари ҷароҳатбардошта дар ҳолати вазнин қарор дорад. Табибон гуфтаанд, ки имкони зинда мондани ӯ вуҷуд дорад. Нафари дуюм дар ин ҳамла ҷароҳати сабук бардоштааст.
Тибқи гузоришҳои охир, пеш аз ин ҳамла, зани гумонбар ба тероризм кордро аз яке аз шуъбаҳои фурӯши ашёҳои хоҷагидорӣ рабудааст. Шоҳидони айни ҳамзамон гуфтаанд, ки зимни ҳамла ӯ фиғон бардошта, ба гуруҳи террористии «ДОИШ» тааллуқ доштанашро тасдиқ кардааст. Додситони Швейтсария гуфтааст, ки тафишоти қазия идома дорад, вале тасдиқи ҳамлаи террористӣ будани он аз эҳтимол дур нест.
Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли равон дар ин кишвар бо иштироки пайравони «ДОИШ» як ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шуда буд. Матбуоти Швейтсария фарзияҳои алоқамандии ҳамлаи зан бо корд ба шаҳрвандони осоишта ба ҳамлаҳои моҳи сентябрро пеш гузоштаанд. Аммо мақомот то ҳануз дақиқ накардааст, ки ин ҳамла ба ҳодисаи моҳи сентябр робита дорад ё не? Гуфтан ба маврид аст, ки он замон зимни як ҳамла ба ду ошхона як нафар ҷавони 29 – солаи португалӣ ҷон бохта буд.
Пас аз ҳамалаи террористӣ дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ рух дода, боиси ҳалокати 4 нафар гардид, кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла полиси Швейтсария дар ҳолати омодабош қарор гирифтани худро эълон карда буданд. Ҳодисаи ҳамлаи зан ба шаҳрвандони осоишта дар Швейтсарияро Канслери Австрия Себастиян Куртс аз аввалинҳо шуда, маҳкум кард ва бо ин кишвар дар амри мубориза бо терроризм изҳори ҳамрайъӣ намуд.
Тоҷиддин Сатторзода
“Садои Душанбе”