Дар Душанбе Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода рӯнамоӣ карда шуд

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд, ки дар он Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ карда шуд. Дар ин хусуc Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки ҳамчун нозирони Платформаи миллӣ сабт шудаанд, иштирок намуданд.

Роҳбарияти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи соли 2022 ва аввали соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ рухдода, ҳамчунин фаъолияти наҷотдиҳандагон дар Ҷумҳурии Туркия маълумот дод. Ҳамчунин миқдори кумакҳои расонидаи Ҳукумати мамлакат ба аҳолии зарардида ва нақши ҳамоҳангсозии Кумита бо далелҳо ба таваҷҷуҳи иштироккунандагони ҷаласа расонида шуд.

Дар анҷоми ҷаласа байни аъзо ва иштирокдорони Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул карда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE