АЗ 5 ТО 8 ДЕКАБР ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВО САРД МЕШАВАД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 5 то 8 декабр ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 дараҷа хоҳад буд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барфи тар метавонад сабаби хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди рекламаҳо дар кӯчаҳо шавад.
Дар робита ба тағйири обо ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо Кумита аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд.
Кумита дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бе эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.