КФО БА ФФТ БАРОИ БОМУВАФФАҚИЯТ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ДАВРИ АВВАЛИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024 ИЗҲОРИ СИПОС КАРД

Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои бомуваффақият баргузор намудани даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 миёни дастаҳои занона дар гурӯҳи «Е», ки аз 5 то 11 апрел дар Ҳисор доир шуд, изҳори сипос кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоыикистон иттилоъ доданд.

Дар номаи расмии дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Датук Сери Виндзор Ҷон, ки ба унвони дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқатҷон Аҳмедҷонов ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст:

«Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллиро барои бомуваффақият баргузор кардани даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» табрик мегӯям.

Муваффақияти шумо ҳамчун мизбон бешубҳа аз меҳнат ва ҷидду ҷаҳди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукот дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқа гувоҳӣ медиҳад.

Мо инчунин ба кумитаи тадорукот барои меҳмондории олӣ ба ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё ва дастаҳои ширкаткунанда изҳори сипос мекунем.

Умедворем, ки ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамин сатҳ идома меёбанд».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE