Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 11 май муайян мешаванд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон исми рақибони худро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 11 май зимни қуръакашие, ки дар шаҳри Доҳа баргузор мешавад, муайян мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад. Дар қисми ниҳоии чемпионати Осиё 24 даста ширкат меварзад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста, инчунин чор дастаи беҳтарини зинаи сеюмро ишғолкарда ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

18-умин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

«

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE