Дар Душанбе масъалаи таҳкими равобит байни Тоҷикистону Белгия дар соҳаи илму таълим баррасӣ карда шуд

 Дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Вантигем мулоқот доир гардид. Дар ин хусус дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаи таҳкими равобит дар соҳаи илму таълим баррасӣ гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкорӣ дар заминаи донишгоҳҳои Шоҳигарии Белгия пешниҳодҳои судманд намуд.

Ҳамзамон вохӯрии сафири Белгия Анри Вантигем бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, ки зимни он ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 29 апрели соли 1992 барқарор шудаанд.


Гуфта шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз давлатҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли рушд қарор дорад.

Анри Вантигем, дар навбати худ, оид ба мавзуи мавқеъ ва таъсири бетарафӣ дар ҷаҳони муосир, инчунин, таърих ва сиёсати пешгирифтаи Шоҳигарии Белгия суханронӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни робитаҳо саволу ҷавоб анҷом дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE