ҶОПОН: АФЗОИШИ ЗУКОМИ ПАРАНДА

Дар Япония ду нуқтаи хуруҷи зукоми паранда ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои хабаргузории “Киодо” ин музофотҳои Коти ва Кагава мебошанд. Тавре хабар дода шудааст, аз 47 музофоти Япония алакай дар 11 – тои он хуруҷи ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Дар маҳали пайдоиши зуком маҳдудиятҳои карантинӣ ба роҳ монда шуда, интиқоли мурғ ва тухми он аз ин минтақаҳо манъ карда шудааст.

То ин дам зукоми паранда дар минтақаҳои Кагава, Фукуока, Хёго, Миядзаки, Хиросима, Нара, Оита, Вакаяма, Окаямава Сига ошкор шуда буд.

Вазорати кишоварзии ин кишвар аз ин пештар хабар дода буд, ки танҳо давоми як моҳи охир аз оғози моҳи ноябр, ки аввалин ҳолатҳои зукоми паранда ошкор карда шуда буданд, дар Япония шумораи рекордии нобуд кардани мурғ дар як мавсим (наздик ба 2 млн мурғ) ба қайд гирифта шудаанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE