ХУШХАБАР: КОҲИШИ ҲОЛАТҲОИ СИРОЯТЁБӢ АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Тайи як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд ягон нафар бо бемории коронавирус ё пневмония бистарӣ нашудааст, – иттилоъ медиҳад хабаргузории «Sputnik» бо истинод ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақа.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд тақрибан 600 нафар барои ташхиси коронавирус санҷида шуданд. Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода, ягон сокини ин минтақа бо бемории коронавирус ё пневмония бистарӣ нашудааст.

Ба гуфти ӯ гуфтани шумораи дақиқи беморони гирифтори коронавирус дар Суғд ғайриимкон аст, зеро Вазорати тандурустии Тоҷикистон оморро дар саросари мамлакат пешниҳод мекунад. «Мавҷудияти сироятро рад кардан ғайриимкон аст, аммо беморӣ хеле кам аст. Масалан, интиқолдиҳандаҳои беаломати коронавирус мавҷуданд, аммо шумораи онҳо хеле кам аст. Мо дар беморхонаҳои худ ду ё се нафар сироятёфта дорем. Вазъи онҳо ё миёна аст ё рӯ ба беҳбудист», — таъкид кард ӯ.

Абдуллозода афзуд, коҳиш ёфтани бемории коронавирус ба он вобаста аст, ки сокинон аз хона ба берун нисбатан камтар мебароянд. «Агар одамон ба кӯчаҳо ва бозорҳо камтар раванд ва фосилаи иҷтимоиро бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ нигоҳ доранд, умедворем, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст меорем»,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки ба кори табибон дар вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева баҳои баланд дода шуд. Ӯ чунин ибрози назарро моҳи ноябр дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Самараддин Ализода баён карда буд. Дар мулоқот масъалаи кори муассисаҳои тиббии Хуҷанд ва минтақа матраҳ шуда буд.

«Таҷриба ва фаъолияти кормандони тиббии вилояти Суғд дар пешгирии ин беморӣ барои дигар кишварҳо намунаи ибрат аст. Мубориза бо коронавирус тибқи стандартҳо ва тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сурат мегирад. Табибон ва масъулин барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд», — гуфт намояндаи СУТ..

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти ҳаррӯзаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфтани коронавирус дар саросари Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. “Аммо, ин набояд барои бепарвоӣ ё тасдиқи он ки таҳдиди сироятёбӣ кам шудааст, баҳона шавад”,-таъкид намуданд як намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кшвар. “Мо бояд ба динамикаи паҳншавӣ дар миқёси ҷаҳон назар андозем, ки он ҳанӯз ҳам тамоюли афзоянда дорад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи мутахассисони вазорат, риояи эҳтиёт ва маҳдудияте, ки аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ карда шудаанд, ҳатмист.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE