САНГВОР: 108 ИНШООТИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ КИШВАР
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлил 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Ба таъкиди масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин гӯшаи куҳистони ватан баробари иншоотҳои наву замонавӣ, ки ба хотири беҳбуд бахшидани самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия нигаронида шудааст, бо идома ёфтани корҳои сохтмонӣ садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд. Баъди ба истифода додани иншоотҳои бунёдшаванда даҳҳо нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
«Бахшида ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 108 иншоооти сохташаванда ба нақша гирифта шуддаст. Аз ҷумла, 11 иншооот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 10 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 20 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд, 67 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон сохта ба истифода дода мешаванд. Аз шумораи 108 иншооти банақшагирифташуда дар ноҳия 25 иншоот дар соҳаи маориф, 9 иншооот дар соҳаи тандурустӣ, 7 иншоот дар соҳаи варзиш ва ба дигар соҳаҳо рост меояд», – гуфт ӯ.
Талбӣ Назаров, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор имни суҳбат гуфт, теъдоди нафароне, ки дар корҳои сохтмонии иншооти бунёдшаванда, бо кори мавсимӣ таъмин мегарданд, имсол ба маротиб зиёд шудааст. Ба қавли ин масъули сохтмони ноҳия, дар интшоотҳое, ки сохтмонашон ба итмом расидаанд ва мавриди истифода қарор доранд, 187 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори муваққатӣ таъмин гардида буданд. “Роҳбарияти давлат бо сиёсати хирадмандона ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони шаҳру деҳот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки имрӯз натиҷаи дилхоҳро ба бор оварда истодааст. Ноҳияи Сангвор дар ин замина симои худро дигар карда, барои сокинон шароити зиндагии мусоидро фароҳам оварда истодааст”, – гуфт Талбӣ Назаров.
То таҷлил аз 30 – солагии Истиқлолоияти кишвар моҳҳои башумор мондаанд ва интизор меравад, ки симои ноҳия то он замон боз ҳам зебову диданитар мешавад.
Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ,
«Садои Душанбе»