Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Ироқ мусовӣ анҷом ёфт

Шоми 24 май аввалин  бозии дӯстонаи дастаи   мунтахаби футболи Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби Ироқ дар Варзишгоҳи байналмилалии Басра хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 анҷом  ёфт.

Ҳарду даста  дар аввалин бозии дӯстонаи худ барои задани гол хеле кӯшиши зиёд карданд, аммо натавонистанд ба дарвозаи якдигар тӯб ворид намоянд. Ҳамин тавр, ин рақобати ҷолиб  бидуни гол хотима ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  бо 21 бозингар — 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба  шаҳри  Басраи  Ироқ  сафар намудааст.

Ироқ – Тоҷикистон – 0:0

Тоҷикистон : Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров (Зоир Ҷурабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE