Чаро бояд хизматрасониҳо ба пардохти электронӣ мутобиқ карда шаванд?

Рушди ҳисоббарорбаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар қаноатбахш набуда, ҳамагӣ 8 то 10 дарсади хариду фурӯши молу маҳсулот тариқи пардохти ғайринақдӣ сурат мегириду халос. Ҳол онки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохти бонкӣ» ҳанӯз 6 соли қабл (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, № 815) ба тасвиб расида буд.

Ҳадаф аз ин қарор рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, вусъат додани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо мавриди пардохти хариди молу хизматрасониҳо, коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот, васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши молу хизматрасонӣ дар Тоҷикистон буд.

Дар замимаи қарор нуқтаҳои фурӯши билетҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ, барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробаркардашуда, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию дилхушкунанда, истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо  ва ташкилотҳои суғурта муваззаф шуда буданд, ки бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гарданд.

Вале на ҳама ин субъектҳо  дорои терминалҳои электронӣ ҳастанд. Бархе аз онҳо намехоҳанд амалиётҳо ғайринақдӣ анҷом шавад.

Нусратулло Давлатзода,
раиси Кумитаи андоз

Тибқи иттилои раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шикоятҳо дар ин замина зиёданд. “Истифодабарӣ имрӯзҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Муроҷиатҳое, ки шифоҳӣ ё тариқи телефони боварӣ (рақами 151) меояд, аз он шаҳодат медиҳад, корт ба ҳар баҳона истифода намегардад. Мо якҷоя бояд кор кунем. Ҳама кор кунанд. Пешгирӣ кунем, мушоҳида ва чораҷӯӣ намоем. Супоришҳои Ҳукумати ҶТ ҳаст, мо бо Бонки миллӣ нақша-чорабиниҳо дорем. Доим ҷаласа мегузаронем. Аммо корҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Барои пайваст кардан бояд андозсупоранда омода бошад, шароитро фароҳам орад. Маърифати андозсупоранда дар ҳолати паст қарор дорад”.

Дар идома раиси Кумитаи андоз таъкид менамояд, агарчи дар Кодекси андози кишвар барои онҳое, ки пардохти даромадро дар шакли ғайринақдӣ анҷом медиҳанд, як дарсад сабукӣ дода шудааст, вале соҳибкорон ҳавасмандӣ зоҳир намекунанд, ки амалиётҳоро ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Аз Бонки миллӣ мегӯянд, “рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми хариди молу хизматрасониҳо ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, инчунин ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд”.

Бинобар ин, роҳбарияти ин бонк пешниҳод доранд, ки барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ин соҳа афзалият дода шавад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода,
раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкоронро ҳавасманд сохт то ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар муомилоти хеш истифода намоянд. Нисбат ба ҳавасмандгардонии соҳибкорон пешниҳод карда будем, ки дударсад афзалият диҳед. Андозҳое, ки 6% месупоранд, (андози соддакардашуда) месупоранд, ба 4% расонед. Вале гуруҳи корӣ ҳамагӣ 1% кам кард. Яъне, онҳое, ки ғайринақдӣ амалиёт анҷом медиҳанд, ба онҳо ҳамагӣ 1% афзалият дода шуд. Ё андоз аз даромад. Ҳар нафаре нақдӣ истифода мебарад, 15% аз даромадаш андоз месупорад. Онҳое, ки ғайринақдӣ истифода мекунанд 13% бояд аз даромад андоз пардохт кунад”-Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.

Роҳбари яке аз бонкҳои тиҷории кишвар дар суҳбат ба мо гуфт, зимни таҳияи   Кодекси андоз дар таҳрири нав пешниҳод намудем то барои онҳое, ки пардохти даромадро дар шакли ғайринақдӣ анҷом медиҳанд, андоз ба сифр баробар гардад, вале ҷониби ҳукумат розӣ нагардид. Ҳатто ба 4 дар сад ҳам расонида нашуд. Бинобар ин, дар кодекси андози нав, ки соли оянда мавриди амал қарор хоҳад гирифт, мисли имрӯз пардохти даромад дар шакли ғайринақдӣ 5 дарсад боқӣ мондааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ умедвор аст, ки вазъи ҳисоббарорбаркуниҳои ғайринақдӣ сол то сол  беҳтар мешавад. Вале ҳама бояд ҳавасманд бошад.

Мавсуф зимни нишасти ахири матбуотӣ ба хабарнигорон дар ин маврид чунин изҳори назар карда буд: Дар дорухонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, дар марказҳои хизматрасонӣ амалиёти ғайринақдӣ ҷорӣ шуд, қадами аввал амалӣ гардид. Сипас дар бозорҳо бояд ҷорӣ кард. Маданияти истифодабарии котро баланд бардорем. Маърифати молиявиро боло барем, постерминалро зиёд намоем. Масалан, дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, муйсафедон вақте нафақа мегиранд, нуқтаи савдоро маҷбур мекунад, ки, тариқи корт ҳисоббаробаркунӣ намояд.   

Моҳи майи соли гузашта президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ нигаронӣ намуда буданд, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, вазъи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва истифодаи низоми пардохт, аз ҷумла терминалҳо ва муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз тарафи аҳолӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва на ҳамаи бонкҳои кишвар чунин хизматрасониро ба таври кофӣ пешниҳод менамоянд.

Бинобар ин, Бонки миллиро вазифадор намуда буданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дар ин самт, алахусус, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати мамлакат “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” чораҷӯӣ намояд.

Бояд рақамикунонии пардохтҳои гумрукӣ бо истифода аз низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, назорати фосилавии фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, иттилоотонии пешакӣ ва монанди инҳо ташаккул дода, ҳамзамон бо ин, ҳамгироии ҳатмии “Равзанаи ягона” бо низоми иттилоотии мақомоти молия, андоз, бонкҳо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор таъмин карда шавад.

Гузориши савтиро ин ҷо гӯш кунед:

Муҳаммадсаид Давлатзода, Сардори Раёсати санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврии Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мусоҳибаи ахираш ба нашрияи соҳавии ин кумита –”Боҷу хироҷ” иттилоъ додааст, ки қариб 4 ҳазор адад POS- терминали электронӣ дар саросари кишвар насб гардидааст, ки беш аз 2 ҳазор адади он пурра истифода мегардад.

Вале вай нигаронӣ намудааст, ки новобаста аз таъкидҳои пайдарпайи роҳбарияти мақомоти андоз ва гузаронидани ҷалсаҳои алоҳида дар ин самт, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар ин давра дар фаъолияти андозсупорандагон POS-терминалҳо насб нашудаанд ё кам насб карда шудаанд. Аз ҷумла, дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Истаравшан, Зафаробод, Шаҳристон, Айнӣ, Фархор, Вахш, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ваҳдат ва Турсунзода аз 1 то 3 – ададӣ POS-терминал насб карда шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳамзамон, нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Данғара, Ховалинг, Хуросон, Рашт, Лахш ва Тоҷикобод дар ин давра, умуман, POS- терминали электронӣ насб накардаанд.

Айни ҳол бо мақсади вусъат додани хисоббаробаркунии ғайринақдӣ Гурӯҳи муштараки кории намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки он дар якҷоягӣ бо роҳбарон ва кормандони муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ оид ба насбу мавриди истифода қарор додани POS-терминалҳои электронӣ, зарурат ва афзалиятҳои исти­фодабарии POS-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE