Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» оид ба волейбол шурӯъ шуд
Дар пойтахти мамлакат мусобиқаи волейбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” оғоз гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мусобиқа миёни бонувон ба ифтихори Рӯзи модар бори 5 – ум аст, ки баргузор мешавад. Дар он дастаҳои волейболи бонувон аз вазорату идораҳо, инчунин шаҳру вилоятҳо ширкат доранд.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намудааст, ки ин чорабинӣ дар оғози соли таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон ва рушди волейбол роҳандозӣ гардидааст.
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
«Садои Душанбе»