ҶАЛАСАИ ЯКУМИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

11-уми апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2025 таҳти раёсати раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, аъзоёни комиссияи озмун, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.Нахуст, муовини Сарвазири кишвар иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.“Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ба маротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 дар озмун номинатсияи нав – «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 расонида шуд. Ҳамзамон, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд”, – таъкид кард муовини Сарвазир.Сипас, вазири маориф ва илм дар ҳисоботи худ иброз намуд, ки вазорат бо мақсади оммавигардонии озмуни мазкур нусхаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи озмунро тариқи мактуби расмӣ аз 10 январи соли 2025 ба унвонии ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, сардорони сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамзамон ба унвонии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол намуд.Ҳамзамон, дар робита ба масъалаи мазкур масъулини муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки нисбат ба иҷрои талаботи Низомномаи озмун чораҳои зарурӣ андешида, бо мақсади ҷалби васеи хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯён, ходимони илмӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва барномасозӣ, ҳамчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбати зиёд доранд, тариқи васоити ахбори омма, рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои иҷтимоии муассиса тарғиботу ташвиқотро ба роҳ монанд.Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.Пешниҳод гардид, ки даври якуми озмун моҳи ҷорӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор карда шавад.Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни имсола аз 8 наминатсия иборат аст: – математика (арифметика, алгебра, геометрия); – физика ва астрономия; – химия;– биология (ботаника, зоология, анатомия); – география; – технологияи иттилоотӣ;– зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;– ихтироъкорӣ ва навоварӣ. Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE