Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиён таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар» баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Шукрона Насриддинзода аз рафти ин чорабинӣ иттилоъ медиҳад.  Дар ҳамоиш устодону кормандони донишгоҳ, намояндагони сохторҳои ҳизбӣ, фаъолони ҷомеа ва донишҷӯён иштирок намуданд.  Дар чорабини Маликшо Неъматзода муовини якуми ҲХДТ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда таъкид кард, ки сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини сулҳу субот ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудааст.

Иштирокчиён инчунин нақши муҳими Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, тарбияи маънавии ҷавонон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои маорифу илм муҳим арзёбӣ карданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии қишрҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамоянд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE