Филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» дар фестивалҳои байналмилалӣ ширкат намуданд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» натиҷаҳои фаъолияти худро дар соли 2025 ҷамъбаст намуда, аз рушди назарраси синамои миллӣ хабар дод. Фаъолияти муассиса дар доираи татбиқи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 ба роҳ монда шуда, дар ин давра як қатор дастовардҳои муҳиму назаррас ба қайд гирифта шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ 73 лоиҳаи филмнома ба питчинг пешниҳод гардида, аз ин шумора 24 лоиҳа барои наворбардорӣ тавсия дода шуд. Ҳамзамон, 7 филми ҳунарӣ, 7 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳи ҳунарӣ ва 2 филми тасвирӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, филмҳои «Хоби сурх», «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» ва «Ошёни нур» аз муҳимтарин корҳои эҷодии сол маҳсуб меёбанд.
Филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» дар фестивалҳои байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз гардиданд. Аз ҷумла, филми «Моҳӣ дар шаст» соҳиби Шоҳҷоизаи Синамочашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» шуд. Ҳамзамон, бори аввал платформаи рақамии tojikfilm.tv ба фаъолият оғоз намуда, имкони тамошои филмҳои ватаниро барои дӯстдорони синамо фароҳам овард.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

