Маблағгузорӣ сохтмони 309 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ
Соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуд.Дар маҷмуъ, соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 5 шуъбаву раёсати маорифи ноҳияҳо ва 209 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 49 534 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуда, айни ҳол дар 100 иншооти дигари соҳа корҳои сохтмонӣ идома дошта, тибқи нақша сари вақт сохта ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Т.Сатторов

