Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷалби ҷомеа ба раванди ҳуқуқэҷодӣ, аз ҷониби таҳиякунандагон — субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда 22 адад огоҳинома ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир гардида, мутобиқи талаботи моддаҳои 34–37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба таври онлайн дастрас карда шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷамъбасти фаъолияти солона нисбати 21 адад огоҳинома ва лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳо оид ба гузаронидани машварати оммавӣ таҳия ва пешниҳод гардиданд.

Инчунин, ба 14 адад лоиҳа хулосаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод шуда, ки зиёда аз 60 таклифу пешниҳоди коршиносиро дар бар мегирад. Дар соли 2025 вобаста ба фарогир будани таҳлили таъсири танзимкунӣ нисбати 7 адад лоиҳа хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Мукаддас Машрабён
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE