Кӯмаки Федератсияи Иттифоқҳои касаба ба донишҷӯёни ятим ва маъюби ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд. Кумакҳоро дирӯз Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба донишҷӯёни ятим ва маъюб расонид.
Дар вохӯрӣ Маликшо Неъматзода доир ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, аз нуктаҳои раҳнамунсози он намунаҳо овард.
Зикр шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону маюъбон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумат қарор дошта, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.
Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳамзамон ба собиқадорони соҳаи иттифоқҳои касаба ифтихорномаҳо супорид.