Ҷоми КФО – 2021: «Равшан» дар Бишкек бо «Дордой» ва «Аҳал» бозӣ мекунад
Конфедератсияи футболи Осиё макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳи «Е» тасдиқ намуд, ки дар он барандаи Ҷоми Тоҷикистон- дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб иштирок мекунад. Рақобати ин дастаҳо аз 14 то 20 майи соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Рақибони дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб чемпиони Қирғизистон- дастаи футболи «Дордой» ва ноиб-чемпиони Туркманистон- дастаи футболи «Аҳал» мебошанд.
Ҷоми КФО-2021. Минтақаи марказӣ
Макон: Бишкек, Қирғизистон
Гурӯҳи «Е».
«Равшан» (Тоҷикистон)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Даври 1-ум
Замон: 14 май (ҷумъа)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
Даври 2-юм
Замон: 17 май (душанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Даври 3-юм
Замон: 20 май (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)