Душанбе: банақшагирии мусобиқаҳои ҷумҳуриявии гӯштин ва аспдавонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Рӯзҳои 20-21 марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва 24 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» баргузор карда мешаванд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 марти соли 2021 барои баргузории ин мусобиқаҳо  185 080 (як саду ҳаштоду панҷ ҳазору ҳаштод) сомонӣ бо дарназардошти андозҳо ҷудо гардид.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур масъулини сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати тандурустӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузории як зумра барномаҳои фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 22 марти соли равон  дар пойтахт Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Форуми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳр  ҷиҳати эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои баргузории Форуми мазкур  427640 (чорсаду бисту ҳафт ҳазору шашсаду чил) сомонӣ ҷудо намуд.

Ҳамзамон аз 16 то 19  март  дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мегардад.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт  ҳамоҳангсози баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ»  муқаррар карда  шудааст.

Фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт доир карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE