Фаррухрӯз Иззатуллозода: Барои рушди сайёҳӣ дар кишвари мо имконияти пурра вуҷуд дорад
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурие бо вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд.
Табиист, ки барои рушди иқтисодиёти мамлакат Ҳукумати кишвар роҳу василаҳоеро ҷустуҷӯ менамоям, ки манфиати бештар оварад. Яке аз самтҳое, ки дар чанд соли охир ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳонӣ фоидаи зиёд овард, сайёҳӣ буд. Ба ин хотир Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ҷиҳати рушду густариши соҳа, муаррифии мавзеъҳои дилфиребу ҷолибу ҷаззоб ва билохира манфитоварӣ, ба самти сайёҳӣ таваҷҷӯҳи махсус равона намуд. Ин буд, ки рушди муназзами соҳаро дар солҳои охир мо мушоҳида менамоем.
Фирдавс Шодиев, устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бар он назар аст, ки маҳз меъёрҳои ҳуқуқии дар соҳа қабулгардида, тавонист рушди босуръати сайёҳиро тезонад. “Бо вуҷуди фароҳамоварии шароитҳои муосири хидматрасонӣ дар мамлакат, ҳолати феълии ҷаҳонӣ як андоза сайёҳиро дар кишвари мо аз рушди босуръат боз дошт. Зеро дар ин муддат равуои гардишгарони хориҷ кам гашт, марзҳо баста шуд ва як андоза таҳдидҳои биологӣ ба саломатии инсон вуҷуд дошт”, – гуфт мавсуф.
Изатуллозода Фаррухрӯз, сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ин ҳолат иброз дошт, ки дигар дар мамлакатамон гирифторони ин гуна бемориҳо ба қайд гирифта нашудаанду марзҳо барои чанд кишвар боз гардидаанд ва сокинони мамлакат низ метавонанд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба дилхоҳ минтақаҳои сайёҳиву тамошобоби ватани биҳиштосоямон сайру сайёҳат анҷом диҳанд. “Барои рушди анвои гунонуи сайёҳӣ дар кишвари мо имконияти пурра вуҷуд дорад. Аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ, таърихӣ, экологӣ, куҳнавардӣ ва монанд ба инро метавон дар оянда тараққӣ дод. Вале ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои баланд, пеш аз ҳама мебояд маърифати сайёҳии мардумро боло бурд”, – гуфт ӯ.
Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозаргонӣ яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёт ва ба даст овардани манфиату таъмини ҷойҳои навӣ корӣ сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таҷрибаҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон доданд, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани кори соҳа, имконияти бардошти манфиати зиёде вуҷуд дорад. Умед мебандем, ки сайёҳии дохилӣ дар радифи сайёҳии хориҷӣ рушд меёбанд ва яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишварамонро дар оянда ташкил медиҳад.
Бахтовари НУРИДДИН,
“Садои Душанбе”